Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

фарқ мекунад. Онҳо яке аз намудҳои алоқаҳои шартӣ-рефлекториро ифода менамоянд ва дар баробари ин хотираи эмотсионалӣ дар дараҷаҳои нисбатан баланди тараққиёт характери бошууронаро соҳиб мегардад.
Хотираи образӣ – ин дар шакли тасаввуротҳо аз нав ҳосил кардани образҳои предмет ва ҳодисаҳои пештар идрок кардашуда мебошад.
Азнавҳосилкунии ҳодисаи пештар идроккардашуда бисёр вақт бо нусхаи аслии худ мувофиқат намекунад, илова бар ин бо гузаштани вақт фарқияти онҳо боз ҳам равшантар мегардад. Дар ҳамин асос хатоҳо ва ҷойивазкунии образҳо ба вуҷуд меояд. Аз тарафи дигар хислатҳои ба ин образ хосбуда ҳангоми ба хотир овардан тақвият меёбанд, хусусияти предмет қатъият пайдо мекунад, аз будаш зиёд нишон дода мешавад ва тафриқаи образҳо ба вуҷуд меояд. Баъзе одамон хотираи образи ниҳоят равшанро соҳибанд, ки инро хотираи эйдетикӣ меноманд (эйдос – калимаи юнонӣ буда, образро ифода мекунад). Хотираи калимагӣ-мантиқӣ дар бахотирагирӣ ва азнавҳосилкунии фикрҳо ифода меёбад: мо фикрҳои дар ҷараёни андешидан ба вуҷудомадаро ба хотира мегирем ва аз нав ҳосил мекунем, мазмуни китоби мутолиакардаро дар ёд дорем ва ғ. Аз ин рӯ ин намуди хотираро хотираи калимагӣ-мантиқӣ меноманд. Дар бораи хотираи калимагӣ-мантиқӣ сухан ронда, ду ҳолати асосиро ба эътибор гирифтан зарур аст: а) фақат маънои материали додашуда ба хотира гирифта ва аз нав ҳосил карда мешавад, айнан дар хотира нигоҳ доштани таъбиру ифодаҳои материал талаб карда намешавад. б) на фақат маънои материал ба хотира гирифта ва аз нав ҳосил карда мешавад, балки калима ба калима аниқ такрор кардани фикрҳо талаб карда мешавад. Ҳарчанд намудҳои хотира аз ҳамдигар фарқ кунанд ҳам, вале бояд қайд кард, ки ҳамаи онҳо бо ҳам зич алоқаманданд, новобаста аз ҳамдигар вуҷуд надоранд ва ба якдигар мусоидат мекунанд.

пешина
аз 223
навбатӣ