Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Аристотел се принсипи зерини ассотсиатсияро пешниҳод намуд, ки дар асоси онҳо тасаввуротҳои мо байни худ алоқа пайдо мекунанд:
а) Ассотсиатсия аз рӯи паиҳамӣ. Агар одам предметҳоро дар фазо ба ҳамдигар наздик ҷойгиршуда ё ҳодисаҳоро дар вақти паси ҳам бавуҷудомада дарк ва тасаввур карда бошад, он гоҳ дар байни ҳамон предмету ҳодисаҳо ассотсиатсия пайдо мешавад.
б) Ассотсиатсия аз рӯи монандӣ. Чунин ассотсиатсия он вақт пайдо мешавад, ки агар предмети нав ба предмети пештар шиносбуда монанд бошад.
в) Ассотсиатсия аз рӯи мухолифат. Предмету ҳодисаҳои олами берунӣ, ки аз ҳамдигар бо ягон ҷиҳате фарқ мекунанд ё ба ҳамдигар муқобиланд, маҳз дар асоси ҳамин мухолифат алоқаманд мешаванд.
Хотира чунин протсессҳоро дорад: бахотирагирӣ, азнавҳосилкунӣ, шинохтан ва фаромушкунӣ.
а) бахотирагирӣ ҳамчун протсесси аввали хотира беихтиёр (бе мақсади пешакӣ гузошташуда) ва ихтиёрӣ (бо мақсад) шуда метавонад.
Дар ҳолати аввал бахотирагирӣ бе мақсади пешакӣ гузошташуда рӯй медиҳад ва гӯё худ аз худ бе кӯшиши иродавӣ иҷро мегардад. Ҳангоми бахотирагирии ихтиёрӣ мо пешакӣ мақсади ба хотира гирифтани ягон ҳодисаю предметро мекунем. Ин хусусиятҳо бисёр ҳам аниқ дар ҷараёни азёдкунии материал ифода меёбанд. Одам ҳангоми ихтиёрӣ ба хотира гирифтан кӯшишҳои зарурии иродавӣ зоҳир намуда, барои беҳтар ва бардавом ба хотира гирифтани материал худро сафарбар мекунад ва ба ҳамин мақсад тарз ва усулҳои махсуси бахотирагириро истифода мебарад. Дар бахотирагирии ихтиёрӣ масъулиятшиносии шахс нисбат ба масъалаи бахотирагирӣ ва иҷрои мустақилонаи он роли калон мебозад.
Бахотирагирии ихтиёрӣ ҳам тарзи механикӣ ва ҳам тарзи маъногӣ дорад. Дар мавриди якум материал бе такя намудан ба алоқаҳои мантиқии байни қисмҳои он азёд карда мешавад. Нишондодҳои

пешина
аз 223
навбатӣ