Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

сару кор доранд, то ки онҳо дараҷаи бодиққатии кӯдаконро аниқ муайян кунанд ва тақсимоти диққатро дар рафти дарс назорат намоянд.
Се намуди диққатро фарқ мекунанд: беихтиёр, ихтиёрӣ, баъдиихтиёрӣ.
Диққати беихтиёрро хусусиятҳои ангезандаҳои ба одам таъсиркунанда ба вуҷуд меоварад. Он пеш аз ҳама ба қувваи ангезанда (овози баланд, рӯшноии дурахшон ва ғ.), серҳаракатии предмет ва наву ғайримуқаррарӣ будани ангезанда вобаста аст. Диққати беихтиёр кӯтоҳмуддат буда, ранги равшан ифодаёфтаи эмотсионалӣ дорад, яъне ба ҳолати рӯҳӣ, кайфият, мутаассиршавӣ, орзую умед, талабот ва шавқу ҳаваси одам вобаста мебошад. Пас, диққате, ки бе мақсади пешакӣ гузошташуда ба вуҷуд меояд, диққати беихтиёр номида мешавад.
Диққати ихтиёрӣ малакаю маҳорати махсусро талаб мекунад ва бо фаъолнокӣ ва кӯшиши иродавии шахс алоқаманд аст.
Диққате, ки дар натиҷаи мақсади шуурона гузошташуда пайдо мешавад, диққати ихтиёрӣ ном дорад. Ин диққат дар рафти кори таълимӣ бо хонандагон тарбия меёбад ва дар навбати худ ба ташаккули хислатҳои иродавии шахсияти хонанда таъсир мерасонад.
Нигоҳ доштани диққати ихтиёрӣ ба як қатор шартҳо вобаста аст.
Масалан, диққат ҳангоми равшан фаҳмидани мақсад ва вазифаҳои фаъолияти иҷрошаванда ва дарк кардани вазифаи худ дар иҷрои фаъолияти муайян боз ҳам устувортар мешавад. Ба пайдоиши диққати ихтиёрӣ шароити мувофиқ ва одатшудаи кор низ мусоидат мекунад.
Ҳолатҳои психикии одам шарти муҳими нигоҳ доштани диққат мебошанд. Протсесси нигаронидани шуур ба фаъолияти муайяни зарурӣ дар одами рӯҳбаланд ба осонӣ ба вуҷуд меояд.
Диққати баъдиихтиёрӣ дар худ баъзе ҷиҳатҳои диққати ихтиёрӣ ва беихтиёрро дар бар мегирад. Ин намуди диққат барои он

пешина
аз 223
навбатӣ