Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

рӯ зуддии кӯчонидани диққат ба серҳаракатии протсессҳои асосии асабӣ (ҳаяҷон ва боздорӣ) вобаста аст. Кӯчонидани диққат ҳангоми мондашавӣ ва иҷрои кори якхела фоиданоку зарур мебошад. Диққат дар рафти ташаккулёбии шахс тараққӣ мекунад ва такмил меёбад. Аз ин рӯ одам бо сифатҳои тайёри диққат таваллуд намешавад, балки дар натиҷаи таълиму тарбия, таъсири шароитҳои ҳаёт соҳиби онҳо мегардад.
Одамонро аз рӯи сифати бодиққатӣ ва парешонии диққат аз якдигар фарқ мекунанд. Бодиққатӣ ҳамчун хислати шахс аз рӯи таносуби намудҳои гуногуни диққат дар фаъолият муайян карда мешавад. Бартари доштани диққати ихтиёрӣ ба одами мақсаддору боирода хос аст ва ҳукмфармо будани диққати беихтиёр аз сустии ирода ва парешонии беҳад шаҳодат медиҳад. Сабаби парешонӣ баъзан мутамарказияти аз ҳад зиёди диққат мебошад, ки он дар натиҷаи ниҳоят ба кор дода шудани одам ба вуҷуд меояд.
Сифатҳои номбаршудаи диққат ба дараҷаи муайян хислатҳои шахсияти инсонро тавсиф медиҳанд, аз ин рӯ тарбияи ин ё он сифати диққат бо ташаккули шахсияти кӯдак зич алоқаманд аст.
Масалан, ба кӯдакони синни томактабӣ ва мактаббачаҳои хурдсол диққати беихтиёр, ноустувор ва ҳаҷман кам хос мебошад, ки он дар протсесси ташкили диққат дар дарсҳо ва иҷрои вазифаҳои хонагӣ хусусиятҳои дигарро соҳиб мешавад, яъне оҳиста-оҳиста ба диққати ихтиёрӣ ва устувор табдил меёбад, ки ин пеш аз ҳама ба кӯшишҳои иродавии хонанда вобаста аст. Тарбияи диққат бо тарбияи сифатҳои иродавии шахс алоқаманд аст.

пешина
аз 223
навбатӣ