Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ирода хусусияти ҷудонашавандаи психика ба шумор меравад.
Ирода бо дигар ҳодисаҳои психикӣ ва пеш аз ҳама бо тафаккур алоқамандии зич дорад. Чунки идоракунии иродавии рафтор дар бошуурона равона кардани қувваҳои ақлию ҷисмонӣ барои ба мақсад расидан ва ё аз фаъолият нигоҳ доштани одам ифода меёбад. Инчунин ирода ба соҳаи эмотсионалии одам алоқаманд аст. И.М. Сеченов таъкид мекунад, ки ирода ҷанбаи фаъоли ҳиссиёт ба шумор меравад.
Ирода дар фаъолияти инсон зоҳир мешавад ва дар як амали иродавӣ се зинаро ҷудо кардан мумкин аст.
Якум – фаҳмида гирифтани мақсад. Ибтидои ҳар гуна фаъолияти одам бо маромҳои муайян (хоҳишҳо, майлҳо, далелҳо ва ғ.) алоқаманд аст ва протсессҳои психикӣ аллакай дар ҳамин зина, махсусан дар ҳолатҳое, ки маромҳои номуайян ҷой доранд, роли муҳим мебозанд.
Барои саршавии фаъолият қабули қарор зарур аст, яъне ҷудо намудани як гурӯҳи хоҳишҳо аз дигарашон ва ба вуҷуд овардани образи идеалии мақсад. Фаҳмида гирифтани мақсад ҳолати бошиддатро паст мекунад ва барои боз ҳам бомуваффақият ҷоришавии фаъолият шароитҳо меофарад.
Зинаи дуюмро ба нақша гирифтани роҳҳои ба мақсад расидан ташкил медиҳад, ки ба шиддати иродавӣ зич алоқаманд аст. Зуҳуроти бошиддати иродавӣ баъди пурра аниқ шудани роҳу воситаҳои ба мақсад расидан сусттар мешавад.
Зинаи сеюм зинаи иҷро мебошад, ки дар он қарори қабулкардашударо иҷро мекунанд. Иҷрои мақсадҳои гузошташуда ба кӯшишҳои иродавӣ алоқаманд аст, ки онҳо ҷидду ҷаҳди одамро мувофиқи қарори қабулкардашуда, роҳу воситаҳои интихобгардида ва мақсадҳои фаъолият бошуурона идора мекунанд. Ҳангоми иҷрои мақсадҳои фаъолият монеаҳои берунӣ ва дохилӣ вомехӯранд, ки дар шуури мо

пешина
аз 223
навбатӣ