Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
г) типи суст, ки дар он мувозинат ва серҳаракатӣ равшан ифода намеёбанд, меланхолик мебошад.
Ба одами соҳиби типи зӯри фаъолияти асаб хос аст:
а) қобилияти баланди корӣ чӣ дар таҳсил ва чӣ дар фаъолияти меҳнатӣ; б) фаъолӣ, ғайратнокӣ, суботкорӣ, қобилияти бартараф намудани душвориҳо; в) мустақилӣ, ҷасурӣ ва боварии қатъӣ; г) осон аз саргузаронии ин ё он маҳрумӣ (гуруснагӣ, ташнагӣ, дард) ва қобилияти ба осонӣ аз қонеъ намудани талаботҳои худ даст кашидан; д) аксуламалҳо ба зарбаҳои рӯҳӣ зӯр, ифоданок, вале кӯтоҳмуддат ба вуҷуд меоянд.
Чунин хусусиятҳо ба одами типи сусти фаъолияти асаб дошта хосанд:
а) қобилияти пасти корӣ, бефаъолиятӣ ва сустӣ; б) беҷуръатӣ, эътимод надоштан, майли шубҳа кардан, талқиншавандагӣ ва гапдароии аз ҳад зиёд; в) тоқат надоштан ба маҳрумиҳои гуногун (гуруснагӣ, ташнагӣ, дард); г) аксуламалҳо ба зарбаҳои рӯҳӣ на чандон қавӣ, вале нисбатан дуру дарозу кашолёфта ба вуҷуд меоянд; д) ҳангоми ҳаяҷон худро гум кардан; е) тарсу ҳарос аз душворӣ ва кӯшиши аз онҳо раҳо ёфтан; ж) карахтии ҳаракату қиёфа.
Аломатҳое, ки аз қувваи кофии боздорӣ ва мувозинати протсессҳои асабӣ шаҳодат медиҳанд, инҳо мебошанд:
а) худдорӣ дар вазъияти душвор; б) қобилияти нишон надодани ҳаяҷон;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор