Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Дар байни онҳо бояд муҳити боварӣ, хайрхоҳӣ ва самимият ҳукмрон бошад.
б) суҳбатро дар шароити табиӣ, бо ҷӯшу хурӯш озодона ва ба он характери омӯзиши махсус надода гузаронидан зарур аст.
в) суҳбат маҳорат, малака ва одобро талаб мекунад ва ба он тайёрӣ дидан зарур аст. Равшан тасаввур намудани мақсади суҳбат, тартиб додани плани он, пешакӣ фикр карда баромадани саволҳо (саволҳо бояд якдигарро такмилу пурра намоянд), муайян кардани шакли суҳбат, ба ҳисоб гирифтани шароиту вазъиятҳои конкретии суҳбат ва инчунин хусусиятҳои индивидуалии кӯдакон дар рафти суҳбат муҳиманд.
Методи анкетӣ дар солҳои охир ба таври васеъ барои омӯзиши шахс истифода мешавад. Дар анкета саволҳо бояд дуруст интихоб карда шаванд. Онҳо бояд аниқ, равшан, фаҳмо бошанд ва набояд ин ё он ҷавобро талқин намоянд. Ҷавобҳои ба як савол додашударо ба саволҳои иловагӣ санҷидан зарур аст (ҳангоми мувофиқат накардани чунин ҷавобҳо ба эътибор гирифта нашаванд, чунки онҳо боэътимод шуда наметавонанд).
Ниҳоят, методи таҳлили психологии ҷараёни фаъолият ва маҳсули он маълумотҳои иловагиро дар бораи шахс дода метавонад. Ба ин омӯхтани расму нақшаҳои кашидаи шахс, конструксияҳои техникӣ, иншоҳо ва махсусан дар мавзӯи озод («Орзуи ман», «Қаҳрамони дӯстдоштаи ман», «Одами ҳақиқии ҳозира чӣ гуна бояд бошад», «Ман чӣ тавр аз болои характери худ кор кунам» ва ғ.), омӯхтани дафтарҳои хотиравии шахсӣ дохил мешавад.
Суҳбат, анкета ва иншоҳои гуногун аз назари психологӣ методҳои ба даст овардани баёноти калимагии одамро дар бораи худаш ифода мекунанд. Кӯдак дар ҳамаи ин ҳолатҳо (бевосита ё бавосита) фикр,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор