Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хондан

Дар дами марг, дар охирин нафасҳои ба шумормонда метарсам, ки зиндаҷудоӣ аз падару модар ва сангдилию бевафогӣ нисбат ба волидон, дар наслҳои минбаъдаи мо меросӣ шуда намонад, зеро ки ин амалу рафтору кирдор хоси бадбахттарини фардони рондашудаи даргоҳи Ҳаққанд. Алвидоъ, Сабурҷони бенишонам, алвидоъ, духтаракони яккаю танҳои мушти парам – Гулғунчаю Фотима! Ақаллан дар наздам пайдо мешудеду чун фариштаи раҳмат, магасҳоро аз болои чашму абрӯям мерондед, лабони сӯхтаамро бо қатраи оби хунук тар мекардед. Хайр ҳеҷ гап не, шуморо мебахшам, охир, шумо ҳам барои ин корҳо вақт надоред.
Шумо ҳам фарзандонатонро чун ман дӯст медоред ва ба тарбияи онҳо машғулед… Ин буд охирин васияти пеш аз марг".
(24 моҳи рамазони соли 1999)
ДАР ҲАҚҚИ ПАДАР...
Ҳама неку бади зиндагии оилавӣ – барору комёбӣ, ноҷӯрию нотифоқӣ, хушиву хурсандӣ ба ҳокими хона вобастагии зич дорад. Агар аз тарафи фарзандон волидон сазовори ҳурмату эҳтиром бошанд, пас он оила аз нигоҳи қонунҳои ҷамъият ва ислом бобақою пурфайзу босахо хоҳад буд.
Худованд фармудааст, ки: "Вассайнал инсонабил волидайҳи эҳсоно" (Фармудем ва таъин кардем некӯиро ба инсон аз барои падару модар).
Ривоят мекунанд Алӣ (р) аз Расул (с), ки фармуданд: "Ҳар гоҳе ки падару модар фарзандро овоз кунад, фавран ҳама кори худро монда, назди падару модари худ рафта, фармонбардории ӯро ба ҷону дил иҷро кунад ва агар эҳмол (таъхир) карда, тарки фармони онҳо кунад, ман безорам аз он шахс".
Писареро падар васият кард, К-эй ҷавонмард, ёд гир ин панд: Ҳар ки бо аҳли худ вафо накард, Нашавад дӯстрӯю донишманд!
Шайх Саъдӣ
Моҳи охири тирамоҳи соли 2002 аз деҳаи Гулистон бармегаштам. Поёнтар аз деҳаи Мачитон дар истгоҳи беморхонаи маризҳои сили ҷумҳурӣ бо Сабур вохӯрдам. Дар аввал ӯро нашинохтам, зеро ки ӯ на ҳамон Сабури хушқаду қомати хушрӯйи даврони мактабхонӣ буд. Замоне духтарони деҳа ошиқу шайдои ӯ буданд ва дар дил орзу мекарданд, ки Сабур ба онҳо ақаллан боре гап занад. Сабур бошад, ба ин духтарон суханпардозӣ намекард ва нияти хонадор шудан ба духтарони деҳотӣ ҳам надошт, зеро ки ӯ ошиқу шайдои олуфтаи шаҳрӣ, Ойгул, буду ӯро аз ҷону дил дӯст медошт. Аз ҳамин сабаб Сабур зидди хоҳиши падар баромаду духтари эшони мулло Сайидро ба занӣ нагирифт.

  • "Сабур, наход, ки ин шумо бошед, чандин сол мешавад, ки шуморо надидаам, дар ин муддат чӣ қадар тағйир ёфтаед, қариб буд, ки шуморо нашиносам", – ба чашмони худ бовар накарда гуфтам. Мӯйи сип-сиёҳаш монанди пахта сап-сафед, рухсораҳои суп-сурхаш мисоли заъфарон забзарди пажмурдаи пурожанг, қомати чун шамшод росташ ба монанди камон хам гашта, ба асодасте такя карда, базӯр рост меистод. Умуман, ӯ пирамарди 80-90-солаеро мемонд. Аз ин намуди зоҳирии Сабур дар аввал ҳайратам омаду дар охир дилам ба ҳоли зораш сӯхт.
пешина
аз 78
навбатӣ