Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз шунидани ин суханони ҳузнангези акои Ҳабибуллоҳ номаи падарро такрор ба такрор мехондаму мегиристам. Шабро дар хонаи ҳамсояи хуби беҳ аз хеши дур, рӯз кардам.
ЗАНЕ МУТАЛЛИҚИ ДУ ШАВҲАР
Бо ҳамроҳи Ҳабибуллоҳ, субҳи содиқ дар ҷустуҷӯйи зану фарзанд, ки баъд аз падар умедам танҳо ба онҳо монда буд, озими шаҳри Душанбе шудем. Роҳи маҳаллаи Кӯҳдоманро пеш гирифтему тугмачаи занги хонаи модарарӯсамро пахш кардем. Дар кушода шуду мӯйсафеди қавиҳайкале аз пасаш писарчаи зебою дӯстрӯяки 9-10 солае, аз дарвоза берун шуданд. Мӯйсафед, ки дар тан либоси таҳпӯши варзишӣ дошт, мағрурона пурсид:

  • Ба шумо кӣ лозим? Ман гуфтам:
  • Ба ман зану фарзандонам, Ойгулу Акмалҷону Юлдузхон, лозиманд.
    Дар баробари ин ҷавоби ман, афту башараи ин пирамард тағйир ёфта, шери бадхашми бағазабомадаро мемонд. Он кӯдаке, ки аз дунболи пирамард омада буд, раҳмгинона ва бодиққат ба ман менигарист. Шери бадхашмомада, бо дасташ ишора карда гуфт:
  • Даҳ дақиқа сабр кунед ва худаш ҳамроҳи писарча гашта вориди хона шуданд.
    Баъд аз даҳ дақиқа, пирамард ҳамроҳи модарарӯсам бо шитоб ба назди мо омада, яку якбора ҳарду бо як овоз гуфтанд:
  • Ҳай лаънаткардаи зану фарзанди оқи падар, магар ту зинда будаӣ?! Дар ин шаш сол дар кадом гӯру лаҳад мегаштӣ, ки аз ту ягон хату хабар набуд. Одамони аз Русия омада, хабар меоварданд, ки ту мурдаӣ. Ҳоло ту зану фарзанд надорӣ, агар дошта бошӣ ҳам, ӯ талоқ шудааст, – гуфтан замон Қундузой аз ҷайбаш коғазеро бароварда, ҳамчун ҳуҷҷати раднашавандаю тасдиқкунанда, ки бо ҳуруфи арабӣ навишташудаю бо муҳр тасдиқкардашуда буд, нишон дода гуфт:
  • Ана, ин гувоҳномаи хати талоқ, ки домулло ба ман дод! Ман гуфтам:
  • Охир, шумо нодуруст ба домулло савол кардед. Хайр майлаш, фарзандонам куҷоянд?
    Модарарӯсам гуфт:
  • Ту сакалту, чӣ тавр исбот карда метавонӣ, ки зану фарзанд дорӣ?! Канӣ, ба ман нишон деҳ шаҳодатномаҳои ақди никоҳу таваллуди фарзандонатро бинем!
    Ба ин саволҳо ҷавоб дода натавонистам, зеро ки дар вақташ ба никоҳи суннатии домулло қаноат кардаму аз қайди хонаи ақди сабти никоҳи расмӣ нагузашта будам.
    Пирамарди дасту остин барзада, аз гиребонам дошта, аз худаш ду ваҷаб баланд бардошта, дар болои хоктӯдаи сари роҳ чун тӯрбаи пур аз каҳ ҳавоям дода, гуфт:
  • Ҳай оқи падар, агар як бори дигар зану фарзанд гӯӣ ва ё қадами нопокатро ба ҳамин тарафҳо гузорӣ, реза-резаат мекунам!
    Ба ин қаноат накарда бо пояш гулӯямро пахш кард. Гумон кардам, ки аз дасти ин сайёди аҷал сад ҷон дошта бошам, амон намеёбам. Худованд раҳми мани беморро хӯрд, ки ҳамсояашон, як ҷавони некхоҳ давида, аз дасти пирамарди ғулмонанд дошта, илтимос кард ва ҷонамро аз маҳвшавӣ наҷот дод. Қундузой бошад, аз гиребони Ҳабибуллоҳ дошта, дод мегуфт:
пешина
аз 78
навбатӣ