Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Улуғбек Шерматович, шумо иҷроиши қонунҳои амалкунандаро оид ба кушодани ҷиноятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллӣ дар чӣ мебинед?
Ӯ гуфт: - Қонун, инсон, ҷомеа – ин се мафҳум бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. Ахлоқ (ростӣ), адлу инсоф ва шуҷоат доштани ҳар фарди мутасаддӣ барои амалӣ шудани қонунҳо шарт ва зарур аст. Чун 99% сокинони ватани азизамон мусулмонанд, бояд чи фарди оддӣ ва чи шахси мансабдошта, ба талаботи қонун ва фармудаҳои Худову Пайғомбар (с) риоя кунанд. Он моддаҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, аксарияташон ба гуфтаҳои Қуръони маҷид низ алоқаманд мебошанд.
- Ростӣ: Худованд дар Қуръони Карим ҳамаи мусулмононро ба сидқу ростӣ амр намудааст, чӣ тавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
"Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ҳамроҳи ростон бошед" (Сураи "Тавба": 119) - Адлу инсоф: Адл ва додгарӣ тарозуи дин аст, ки ҳар як инсон дар ҷомеа ба василаи он тамоми корҳои неку бади хешро бар мекашад ва ҳаққи ҳар шахси мустаҳиқро медиҳад. Адлу ростӣ, ин адолат намудан миёни фарзандон, миёни халқу миллатҳо ва қавму қабилаҳо дар бахшиш ва туҳфаҳо мебошад, то дар байнашон адовату бадбахтӣ пайдо нашавад.
Пайғомбари Худо (с) фармуд: "Аз Худованд тарсида ва дар миёни фарзандонатон (халқи оддӣ) адолат кунед". (Ба ривояти Имом Муслим). - Хиёнат: Хиёнат яке аз нишонаҳо ва сифоти мунофиқон мебошад.
Расули Худо (с) мефармояд: "Аломати мунофиқ се аст: чун ҳарф занад, дурӯғ мегӯяд ва ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф мекунад ва чун амонат дода шавад, дар он хиёнат мекунад". (Ба ривояти Имом Бухорӣ)
Дар асоси гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин се падида ва ё ахлоқи некро дар миёни кӯдакону наврасон, халқи оддии меҳнаткашу мансабдорон омӯзонему эшон аз худ кунанд, ҳамаи қонунҳои мо амалӣ мешаванд. Пеш аз ҳама, мо маҳалгароӣ, фасод, хешу таборчигӣ, ришвагириро аз решааш барканему шахсони арзандаю дорои ахлоқи неку ҳамидаи инсонӣ, дониши волои касбӣ доштаро дар вазифаҳои ба худашон сазовор таъин намоем, ҷамъияти мо тараққӣ хоҳад кард ва ҷинояткорӣ аз миён меравад...
Мӯнисаю Ҳабибуллоҳ ба суханони ин ҷавони симояш ба онҳо шинос ҳушу гӯш шуда, бо диққат гӯш мекарданд. Ногаҳон Мӯниса гуфт:
- Овозу симову сурати ҳамин донишҷӯ ба овозу симову сурати худораҳматии Сабур монанд аст!
Аз ин суханони Мӯниса чизе ба ёди Ҳабибуллоҳ омад, ки яку якбора оҳ гӯён аз ҷояш ҷаста, гуфт: - Ин худи худаш! Фаҳмидам, номашро Улуғбек гузошта буд он пирамарди қотил.
Мӯниса гуфт: - Киро мегӯӣ?
Ӯ бо ҳаяҷон гуфт: - Охир ин фарзанди Сабур, Акмал, аст! Ман дар назди рӯҳи бобои Собиру рӯҳи беқарори Сабур қарздорам, бояд номаи онҳоро ба Акмалу Юлдуз расонам. Чӣ кор кунам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор