Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан

Ин кунҷи ғаму ҳоли табоҳам дидан, Бояд ҳама з-он рӯйи чу моҳам дидан. Аз гиря агар кӯр шавам, нест ғаме, Ғам ин-ст, ки рӯйи ту хоҳам дидан.

  • Дареғо, сад дареғо, дигар рӯйи мубораки падарро ҳеҷ гоҳ нахоҳем дид ва барояш хизмате натавонем кард!
    Баъд аз чанд соат Ҳабибуллоҳ онҳоро ором карда, насиҳат намуда гуфт:
  • Акмалҷон, худатро ба даст гир! Охир ту ҷавонмард ва оқилу донишманд ҳастӣ. Дили хоҳари муштипаратро бардор, ӯро насиҳат кун ва чӣ будани ҳодисаро аз аввал то ба охир фаҳмонда деҳ. Чи тавре ки ман аз аввал то ба охир шарҳи ҳоли бобою падаратро ба шумо ҳикоя кардаам, ҳамон хел фаҳмонед. Сабр кунед, ҳақиқат ҷояшро мегирад. Ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аввалан ин ки шумо ҳуқуқшинос ҳам бошед, бояд як ҳимоятгар (адвокат)-и донишмандро интихоб кунед, то ки фарзандхонии Шерматро дар асоси ҳалномаи судӣ ғайриқонунӣ ҳисобанд. Ном ва насаби пештараатонро барқарор кунед. Шиносномаю шаҳодатномаатон (диплом) ба ному насаби аслии пештара сабт карда шавад. Барқарор кардани номи бобою падар ин қарзи аввалини фарзандиятон ва хизмати шумо дар назди рӯҳи онҳо мебошад.
    ДАР ОРЗУИ НОМУ НАСАБИ ПАДАРӢ
    Ман аз ҷавру ҷафои ин замон девона хоҳам шуд, Зи хешу ошно аз дасти ғам бегона хоҳам шуд. Зи бас, к-афсонаи худ бо дару девор мегӯям, Ба расвоӣ миёни мардумон афсона хоҳам шуд.
    Амир Хусрави Деҳлавӣ
    Баъд аз хондани номаи падар дар тафаккури Акмалу Юлдуз инқилоби нави фикрӣ ба амал омад. Гӯё онҳо дар доми тилисму ҷоду буданду ин номаи падари дар орзуи фарзанд буда чун шамшери тез пардаи ғафсу оҳанини он ҷодуро дарид. Онҳо дар хоби ғафлат чун кӯру кар хобида буданд, номаи падар аз хоби гарон бедорашон кард. Акмал шабу рӯз дар атрофи ин муаммои сарбаста фикр мекард ва роҳи кушодани онро меҷуст. Ӯ шабе падарашро дар хоб дид, ки дар таги китфонаш чигас (асобағал), пойҳояш овезон, ҳар тараф алвонҷ мехӯрад. Ӯ бо чашмони пур аз ашк ба Акмал муроҷиат карда мегӯяд:
  • Писарам, аҳволи зори мани оқи падарро бин ва кӯшиш кун, ки оқи падарӣ дар насли мо хотима ёбад! Ту бо мадади дӯст ва ҳамсояи ман акои Ҳабибуллоҳ ба қуллаи мурод хоҳӣ расид. Дониста мон, ки Ҳазрати Пайғомбари гиромӣ (с) фармуда: "Беҳтарин эҳсон ин аст, ки шахс дӯстии падарашро идома диҳад ва бо дӯстони падараш пайванди устувор дошта бошад". (Ба ривояти Имом Муслим).
    Субҳи рӯзи истироҳат Акмал ба суроғи дӯсти падараш омад. Ӯ Ҳабибуллоҳу Мӯнисаро дар хонаашон пайдо кард. Онҳо дар гирди меҳмон чун парвона гардиш карда, хурсандӣ мекарданд. Акмал хоби дидаашро ба онҳо нақл кард. Ҳабибуллоҳ гуфт:
  • Акмалҷон, барои кушодани муаммои шумо ҳуқуқшиноси нотарсу варзида лозим аст. Ҳамин хел шахсро медонед?
пешина
аз 78
навбатӣ