Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хондан

Хошоков аз ҷояш хеста, ду даст пеши бар таъзимкунон гуфт:

  • Маро бубахшед, сардорам, дигар такрор намешавад! Ман бо шумо зиндаам!
    Қаробоев Э. каме ба худ омада гуфт:
  • Рав, ба дафтари кориат, бе иҷозати ман то ба ҳоҷатхона ҳам намеравӣ, фаҳмидӣ!
  • Бале, сардорам! – гӯён пуштнокӣ, таъзимкунон дафтари сардорро тарк кард. Ӯ Абӯалиро дар роҳрав дид ва аз тарси сардор ларзида ба ақибаш нигариста гуфт:
  • Бо ман гап назан, сардор мебинад.
    Абӯалӣ рамузи гапро зуд фаҳмид. Хошоков Н. бошитоб дохили дафтари кориаш шуд ва палтои дарози кисакалонашро овезон карду дарро пӯшида, баромад. Аз тарсу ларз шимаш тар шуда буд. Қуфл кардани дари ҳуҷраи кориашро фаромӯш карда, ба тарафи ҳоҷатхона тез давид. Роҳравро оби чакидаи шими ӯ ҷо-ҷо тар карда буд. Абӯалӣ чун Самаки айёру чекисти пухтакор бо шитоб вориди дафтари кории Хошоков Н. шуд. Ӯ назар ба палтои овезон кард ва даст ба ҷайби палто бурда, телефони худашро, ки дар вақти баромадан ноаён ба ҷайби халтамонанди палтои Хошоков Н. монда буд, гирифта, тез ба дафтари кориаш баргашт. Дарро аз дарун қуфл карда, гуфтугӯйи Қаробоев Э. ва Хошоков Н.-ро аз аввал то ба охир аз сабти телефони мобилӣ гӯш кард.
    Аз ин кори айёронаи Абӯалӣ Хошоков Н. хабаре надошт ва гумоне ҳам накард. Аз ҳамин рӯз сар карда, муносибати Қаробоев бо Абӯалӣ тамоман дигар шуд. Сардор ба ӯ супоришҳои ҷиддӣ намедод ва бо ӯ чун як корманди ноӯҳдабарою шубҳаовар муносибат мекард. Аз паси Абӯалӣ ҷосусҳои махсус гузошта буд, ки ҳар кору кирдори ӯро назорат мекарданд. Дар дафтари кории Абӯалӣ асбобҳои махсуси сабткунандаи овозро ноаён гузошта буданд. Мехостанд ин ҷавонмарди ҳақпарастро чун ниҳоли навсамар решакан кунанд.
    Рӯзе Қаробоев Э. парвандаи ҷиноятии раиси ҷамоатеро, ки дар фурӯхтани замин гунаҳкор дониста мешуд, ба Абӯалӣ пешниҳод кард. Корманди шуъбаи умумӣ парвандаро ба Абӯалӣ расонд. Ӯ пас аз мутолиаю шинос шудан бо парванда раиси ҷамоатро ба дафтари кориаш даъват кард ва баъди пурра хондани парванда гуфт:
  • Муҳтарам Бӯҳтонбоев Кайфулло, шуморо дар хариду фурӯши заминҳои обӣ, ки мувофиқи қарори ҳукумат манъ аст, гунаҳкор меҳисобанд. Дар ин бора чӣ гуфта метавонед?
    Раис чун булбули гӯё қариб як соат гап зада, худро сафед мекард ва дар охир курсиро наздиктари Абӯалӣ монда гуфт:
  • Муҳтарам прокурор, кор бе камбудӣ намешавад, ман айб дошта бошам ҳам, аз шумо илтимос дорам, ки ҳамин парвандаро хобонед. Хизмат мекунам.
    Абӯалӣ аз шунидани калимаи "хизмат" чизеро дарк кардагӣ барин, лаҳзае ба фикру андеша фурӯ рафт ва сонӣ сар бардошта гуфт:
  • Аввал, ин ки агар шумо гунаҳкор набошед, ягон хизмататон даркор нест. Шумо ба ман не, ба Ватан, ба халқ хизмат кунед!
пешина
аз 78
навбатӣ