Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Охир, ин шахси наҷотбахш ба касе монанд аст. Ӯ кӣ бошад? Ин фикр доимо дар сараш чарх мезад ва ӯ роҳнамою наҷотдиҳандаи худро меҷуст.
НАЙРАНГУ ДОМИ НАВБАТӢ
Абӯалӣ дар дафтари кориаш нишаста буд. Парвандаи ҷиноятии раиси ҷамоат Бӯҳтонбоевро хонда, оид ба заминҳои обиро ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон бар ивази пора доданаш фикр мекард. Дар ҳамин вақт садои занги телефони мобилӣ баланд шуд. Ӯ ҷавоб дод:

  • Ало, гӯш мекунам.
  • Муҳтарам Собирзода, маро шинохтед?
  • Бале, ман, вале шуморо нашинохтам.
  • Мебахшед, каме вақти қимататонро гирифтам. Ман раис Бӯҳтонбоев, чанд рӯз интизори занги телефони шумо будам, аммо занг назадед. Хавотир шудам ва хаёл кардам, ки он аҳду паймонамонро аз серкорӣ фаромӯш кардед. Аз ҳамин сабаб ба шумо занг задам. Абӯалиҷон, писарам, он гуфтагиям тайёр дар дастам, кай ва дар куҷо вомехӯрем?
    Абӯалӣ ҳайрон шуда фикр мекард, ки ин марди шайтонтабиати рӯбоҳчашм аз куҷо рақами телефони дуюмашро, ки махфӣ буд, дастрас карда бошад? Баъди каме таваққуф худро ба даст гирифта гуфт:
  • Раисбобо, шумо ин рақами телефони маро аз куҷо пайдо кардед?
  • Абӯалиҷон, ман ба ваъдаам вафо кардам, "ҷӯянда – ёбанда" гуфтаанд. Бесаброна интизори суханони шумоям. Гӯед, ҷони ширин, дар куҷо вомехӯрем?
    Абӯалӣ медонист, ки ҳар як сухани ӯро гӯш карда навишта мегиранд ва куҷо рафтанашро ҳам ба навор гирифта сабт мекунанд. Саранкабут бо ғундалчаҳояш ба тортанию домафканӣ сар кардаанд. Ӯ ба ғазаб омада гуфт:
  • Муҳтарам Бӯҳтонбоев Кайфулло Улфатбоевич, ман тифл ва ҷони шумо нестам. Ҳомӣ, назоратчии қонунҳои амалкунандаи Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои халқу ватанам хизмат мекунам. Ба шумо ягон ваъда ҳам надодаам. Шумо маро нашинохтед, ман фарзанди ягон амалдору бойбача нестам. Як ятими бепадару бемодари дар ятимхонаю парваришгоҳи давлатӣ тарбия ёфтаам. Аз ҳамин сабаб хиёнат ба миллату ватан нахоҳам кард, то ки дар рӯзи Растохез дар назди Офаридгору Пайғамбари гиромияш (с) рӯйсиёҳу шарманда нахезам. Ифтихори миллию ватандориямро ба тилло, марворид ва миллионҳо долларҳои ҳароми ришваю рибои шумо намефурӯшам. Шумо хато кардед, дар назди қонун ҷавоб хоҳед дод! Ман писари шумо нестам, фарзанди Ватанам – Тоҷикистон ҳастам. Ватан маро хӯронду тарбия карда хононд. Оқи Ватан намешавам. Шумо барин роҳбарон хиёнат ба миллату ватан карда, заводу корхонаҳои азимро фурӯхтед, замину хоҷагии қишлоқро ҳам фурӯхтан мехоҳед. Солу замоне мерасад, ки наберагонатон ба ноӯҳдабароию ҳаромхӯриҳоятон, ки боиси қашшоқии мардуми оддии меҳнаткаш шудааст, лаънатҳо мефиристанд. Дар пеши таърих рӯйсиёҳ мешавед!
пешина
аз 78
навбатӣ