Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Эй, паҳлавони сари деги ош, шарм намедорӣ, ки чун занак дар хона пинҳон мешавӣ?! Аз ҳамин рӯз инҷониб ту сарбози роҳи озодӣ мебошӣ! Агар фирор кардан хоҳӣ, ҷо ба ҷо кушта мешавӣ!
Гоҳ аз нафрат ва гоҳе аз тарс бошад, ки қалби Талбак тез-тез мезад ва дасту бозувони рустамонааш меларзиданд. Дилаш, ақлу ҳушаш ба ҳоли зори падару модари меҳрубонаш ва номзади азизаш Нокома банд буд. Ӯ агар фурсати қулай меёфт, ҳарду посбони хунхору бераҳмро зада аз пой меафтонду ба тарафи деҳааш фирор мекард ва ҳарчи зудтар аз ҳолу аҳволи хонадону маҳбубааш хабардор мешуд.
Ногаҳон аз даруни хайма садои нолаи ҷонкоҳу имдодталабонаи занонае баланд шуд. Ин гиряи талх дергоҳ давом кард ва оҳиста-оҳиста сокит гардид. Нолаю навҳа, овози зан ба самъи Талбак ошно расид. Ӯ дар ҳайрату ваҳшат монда, ба фикру андешаҳои дур фурӯ рафт: "Ё бор Худоё, ин садои кӣ бошад? Ин лаҳни ширинро гӯё борҳо шунида бошам". Аз миён соате сипарӣ шуд, ақрабаки соат ба 12 наздик мешуд. Ногаҳон пардаи даромадгоҳи хайма яктарафа шуду сардори ниқобпӯшон, ки ғули биёбонро ба ёд меовард, баромад. Ба чор тараф эҳтиёткорона назар афканда, садо баланд карда гуфт: - Ҳой лаънатиҳо, куҷоед?
Ниқобпӯшони хастаи беҳолу бемадор аз хоби маст хеста, хамёзакунон дар назди қумандонашон ҳозир шуданд. Посбонҳо ҳам омаданд. Талбаки ҳайрону ҳаросон низ аз дунболи онҳо бо дили нохоҳам, наздики хайма омад ва бо диққат ба афту андоми қумандони саҳроӣ нигоҳ карда, ба гапу гуфтораш гӯш дод. Сару рӯйи қумандон пур аз хун буд, изи нохун ду бари рухсорашро ба ҷӯякҳои обдори пахтазор монанд карда буд. Нӯги бинияшро изи дандонҳо хуншору овезон карда буд. Ғули одамхури хунмаст "об-об" гуфта, дод зад. "Навкарон" об оварда, сару рӯйи сарварашонро шустанд. Хун аз ҷӯйчаҳои бари рухсораш ҷӯш зада мебаромад ва нӯги биниаш ҷудо шуда, овезон буд. Ӯ ба сарбозонаш фармон дода, ба хаймааш ишора карда, гуфт: - Бо тезӣ гӯр канда, ин мурдаро гӯронед.
Ба тарафи Талбак нигоҳи хашмгинонае карда гуфт: - Мурғи сарбурида овоз надорад ва сирро фош карда наметавонад, кори инро ҳам тамом кунед.
Дар ҳафтоду ду рагу пайванди Талбак ларза афтод ва дасту пойҳояш аз кор монданд. Ҳаёти 24-солааш чун фиттаи синамо ва китоби хаёлот варақгардон шуда мегузашт. Лаҳзаҳои ширинтарини ҳаёташ, бо падару модар, хоҳаронаш ва дилдодааш Нокома пеши назар меомаданду беихтиёр ашки сӯзон косаи чашмони гирди сиёҳашро пур карда, ба бари рухсори зебояш ҷорӣ шуда, ба замин мечакид. Дар дил мегуфт: "Оҳ, во ҳасрато, аз сад гули орзуҳои дерину ширинам ҳатто яктояш ҳам нашукуфт. Дар ҷавонӣ, садҳо орзую ҳавас дар дил мурдам. Умеду орзуҳои чандинсолаи падару модар ва Нокомаамро амалӣ карда натавонистам. Худоё, мушкилкушое, дар ин рӯзи сахттарин ягона умедам ба туст. Худоҷон, магузор, ки беному нишон аз ин дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ равам. Поко, Самадо, Аҳадо, ҳидоятам кун, ки бори дигар ба висоли рӯйи Нокома ва падару модари азизам бирасам".

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор