Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хондан

Бо шунидани ин хабари шум Содиқҷон чун ҳайкал карахт шуда мемонад. Оби даҳонаш заҳр гардида, лабу забонаш чун биёбони тафсон хушк мегардад. Дунёи равшан дар пеши чашмонаш шаби тираю тор мегардад ва ҳис мекунад, ки шамоли сахт вазиду жолаю борони барфолуд борид. Хунук мехӯрад, сараш чарх мезанад. Бо ду даст сарашро дошта, дар рӯйи фарши хона менишинад ва аз ноумедӣ кӯдаквор мегиряд.
Биё, ки беш маро тоқати ҷудоӣ нест, Раҳо макун, ки диламро зи ғам раҳоӣ нест. Дилам бурдаву гар сар ҷудо кунӣ зи танам, Ба ҷони ту, ки танамро зи сар ҷудоӣ нест...
Баъд аз як соати нолаи ҷонгудоз Сафаргул шавҳарашро дар канор кашида, мебӯсад ва мегӯяд:

  • Содиқҷон, туро мурғи нимбисмилу Орзуҷонро зинда ятим намекунам.
    Онҳо шабу рӯзи мавлудро бо ғаму ҳасрат гузарониданд. Аз тарсу ҳароси бобои Давлат Содиқҷон ба корхона намерафт. Се рӯз сипарӣ шуд. Субҳи рӯзи чорум бобои Давлат ҳамроҳи падару модари Сафаргул дарвозаро кушода, вориди ҳавлии Содиқҷон шуданд. Онҳо Умедҷонро гирифта, аз ҳавлӣ берун баромаданд. Дар берун Лоиқ ба ду асобағал такя карда, рост меистод. Умедҷон назди падараш намерафт, зеро ки бо Содиқ унс гирифта буд ва ӯро падар мепиндошт. Давлату Рақиб кӯдакро кашон-кашон ба назди Лоиқ бурданд. Ӯ асобағалҳоро раҳо карда, Умедҷонро ба оғӯш кашид. Аз шиддати дарди пойҳояш мувозинатро гум кард ва ҳамроҳи Умедҷон ба замин афтид. Лоиқ чун паррандаи ошён гумкарда писарашро ба оғӯш кашида, мебӯсиду кӯдаквор менолид. Ин манзараро Сафаргулу Содиқ бари ҳамдигар истода, ҳайрону ҳаросон, чӣ кор карданашонро надониста, шах шуда, нигоҳ карда, рост меистоданд. Онҳо гӯё гунгу кар шуда буданд, маҷоли сухан кардан надоштанд. Баъд аз гиряву нола Лоиқ сар бардошта дид, ки занаш, модари Умедҷонаш, Сафаргули вафодораш дар бари ҷавонмарди дигаре рост истода, ба сӯяш менигарад. Ин манзараю ин нигоҳ Лоиқро ҳам дар ларза овард ва ҳамаи аъзои бадани ин маҷрӯҳи бепой ба ларза даромад. Ӯ маҷолу қуввати гуфтор надошт. Аз чашмони чун гули лола хунгирифтааш ашки ҳасрату ғам равон шуда, пероҳани сафедашро тар мекард ва аз он гузашта, ба замин мечакид.
    Ин манзара ҳозиринро низ моту ҳайрон карда буд ва ин хомӯшӣ сӣ дақиқа давом кард.
    Ҳар к-ӯ шунид нолаи дудангезаш, Сӯзад ҷигараш з-ин дили оташхезаш. Аз хок ҳама меҳргиёҳ бархезад, Бар хок чакад гиряи ишқомезаш.
    Баъди ҳамагон ба худ омадан, Давлат ба тарафи Сафаргулу Содиқ нигариста гуфт:
  • Эй инсонҳои хуб, ин чӣ қисмату чӣ тақдир аст?! Шукри Худоро ба ҷой меорам, ки мани бесоҳиб соҳиб дорам, агарчӣ Лоиқҷон аз ду пойи равон маҳрум бошад ҳам, ӯ зинда аст!
    Эй мардум, гӯед, ки мо чӣ кор кунем?!
пешина
аз 78
навбатӣ