Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • 500 сӯми дигарашро барои кӣ пинҳон кардӣ? Ман гуфтам:
  • Ба 500 сӯмаш барои Сабурҷону ту ва модарат ва падарат сару либосворӣ харидам. Охир, он молу матои бегоҳ овардаамро надуздидаам, ҳамаи онро ба пулҳои меҳнатиям харидаам.
    Эркамоҳ паст наомада, қаламу коғаз оварда, нархи ҳар як молу матои овардаамро як ба як ҳисоб карда баромаду каме ором гашт.
    Баъди ҷудогии се моҳ боз дар як болин ҳамроҳи Эркамоҳ сар мондем. Он меҳру муҳаббати пештараро ҳеҷ эҳсос намекардам. Хаёл мекардам, ки ӯ аз ман дурӣ меҷӯяду ман маҷбуран ӯро оғӯш карда мебӯсам, чашмонашро аз нигоҳи ман мегурезонад.
    Ҳамин тавр, шабро рӯз кардем. Ман ки хеле хаста шуда будаму аз Эркамоҳ ба тарзи пештара дуруст коми дил ҳосил карда натавонистам, дар бистар дароз кашида, маҷоли хестан надоштам. Ӯ аз хоб пештар хеста, барои шустушӯй ба ҳаммом рафта буд. Ногаҳон овози пичир-пичири модарарӯсам ба гӯшам расид, ки дар бораи падари ранҷурам мегуфтанд. Ба тезӣ аз бистар ҷаста хестаму аз даҳони тирезаи нимроғшуда ба берун нигариста, гӯш кардам. Онҳо хаёл карданд, ки ман ҳанӯз ҳам хобам. Модарарӯсам кампири Васвасабону ба духтараш панд дода мегуфт:
  • Шаб ҳамаи пулҳоро аз дасташ гирифтӣ? Духтараш дар ҷавоб гуфт:
  • 3000 сӯмашро гирифтам. Мегӯяд, ки ба 500 сӯми дигараш барои шумо сару либосворӣ харидам. Шаб ҳисоб карда баромадам, ҳамаи сару либоси харидааш 400 сӯмро ташкил медиҳад, намедонам, 100 сӯми дигарашро куҷо карда бошад?
    Модараш насиҳат карда гуфт:
  • Эркамоҳ, ту садҳо маротиба шукри бачахони ман Эркинҷонро кун, ки ин тайлоқа соҳиби пули калон кард. Ҳарчи метавонӣ, ба Эркинҷон наздик шаву дили ӯро ба даст ор, пас соҳиби ҳар чиз мешавӣ! Агар пула гирифта бошӣ, дар бораи марги падараш хабар деҳ, рафта дар сари гӯраш дуо хонда биёяд.
    Дар баробари шунидани хабари марги падарам ҳуш аз сарам париду давида ба берун баромадам ва гуфтам:
  • Чӣ гап шудааст? Дар сари гӯри кӣ дуо кунам? Чӣ, падарамро ягон ҳодиса шудааст?
    Занам мехост, чизе гӯяд, лекин модараш ӯро бо ишораи даст хомӯш карда, худ гуфт:
  • Собирҷон, баъд аз як моҳи ба кор рафтани ту, падарат дунёро тарк кард…
    Дар ҳамин вақт насиҳати падарам ба ёдам омад, ки борҳо мегуфт: Дар ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст: "Ба парастории падару модар машғул шавед, бояд, ки пеш аз сафар кардан аз волидайн иҷозат бигиред, ҳатто барои ҷиҳод намудан дар роҳи Худо ба шарте ки он фарзи айн нагардида бошад..."
    Оҳ, Худо дар сарам зад, мани нодони бадбахт бо фармони зану модарарӯсам, бе иҷозати падари маризам сафар кардам. Дар аввал карахт шудам, даҳонам хушк шуд, забонам дар комам часпид ва қариб буд, ки аз пой афтам. Оби дида дар чашмонам ҳалқа зад ва ба бари рӯям ҷорӣ шуда ба болои хок мечакид. Ҳиққосзанон талх-талх гиристам ва бо овози ғамангези гиряолуд ба онҳо хитоб карда гуфтам:
пешина
аз 78
навбатӣ