Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Эдун пайдост, ки Лӯҳроспшоҳ бисёр ба тан ранҷур буд ва пеши оташ ба парастиш истод. Аз фарраи оташ овози хуши менуи кирдори дармонбахше ба пайдоӣ ва равшанӣ [шунид], ки: Эй Лӯҳроспшоҳ, хурсанд бош, ки чораи ранҷу дарди ту [ба дар омадани] орояндаи порсоӣ Зартушт Спитомон аст, ки ба [замони] фармонравоии писари ту, Виштосп ба вахшварӣ хоҳад омад.
Озор ва осебҳои Дуросрав ва ҷодувон
Яке ин ки ҳамаи ҷодугарон ва Дуросраву Бротрук ба Зартушт кин ва хашмабар бурданд. Онон дар осеб расонидан ва ба марг расонидан чора натавонистанд кард бар Зартушт ва мо, хешовандон. Барои ситамкорӣ ва озору осеб расонидан ва ба ранҷ даровардани [мо] тохтанд ва мо дар он бадбахтӣ ҳамдостон будем.
Муҳоҷирати Зартушт аз Эрон ва гузар аз оби рӯд, ки ба фармони Худованд барои вай ва ҳамроҳон роҳ боз кард ва шуҳуд ва дидори
Ҳурмузд
Чун Зартушт ба синни сӣ сол расид, аз бадии Дуросрав бо ин ниёзманд, ки Мадевмоҳ ҳастам, ҳамсуханӣ кард ва фармуд, ки аз ситамгарии деҳхудоёни ҷодукома бо ҳамаи хешону пайвастагон ва занон якбора бо фармони Сурӯш ба сӯи Эроншаҳр равам, то осудагӣ ва бебимӣ бинам. Сухани Зартушт бо андешаи ман шоистатар ва пазируфтанитар буд. Бо хурсандӣ ва ҳамдодистонӣ бо ҳамаи хешон ва занону пайвастагон ба суй Эрон равон шудем.
Чун пеши обе бузург, [ки] чун дарё буд, расидем, ба номи Абоёк киштибонон аз об гузарондани [моро] напазируфтанд. Барои раҳоӣ аз он душворӣ Зартушт пеши Ҳурмузд ҳарду даст фароз дошт ва бо ростандешӣ (аз самими қалб) намоз бурд. Дар ҳамон замон рӯъяте нуронӣ, равшантар аз моҳу ситора, аз осмон то ба замин фуруд омад ва гиёҳонро равшан кард ва овозе менуӣ шунида омад, ки:

  • Эй Спитомон Зартушти бузург, дилбастагии ту хоҳам, [эътиқод ва таваккулу имони ту ба ваҳй мӯҷиби гузари ту аз душворӣ хоҳад шуд], бо шитоб або хешовандон аз оби дарё бигзар ва бе бим бош.
    Пас Зартушт аз нерӯмандӣ ва пирӯзгарӣ ба пешвоӣ ҷилавдорӣ ва пешқаровулӣ рафт ва мо низ аз паси ӯ гузар кардем.
    Оби дарё дупора шуд ва пуле фарох намудор шуд. Ба рӯзи анерон ва моҳи спандормаз ба Эроншаҳр расидем. Ҳам ҷашне фарох буд. Дар он ҷашн ромиш кардем. Пас, киштибонон аз ин мӯъҷизаи шигифт пушаймон шуданд.
    Гузари дувумбор аз миёнаи об ва шуҳуд ва дидори Баҳман ва меъроҷи даҳсола дар миёни менувон ва амшоспандон
    Яке ин равшан кунам, ки чун ду дигар равандагӣ [пеш омад], аз Сурӯш фармон фароз омад, [дар канори] он рӯди Виҳдойитӣ, ба он замон ки Зартушт аз он рӯди гиромӣ [мегузашт], ба сӯи ман, ки Мидюмоҳ ҳастам, гуфт, ки: Мисоли марде менуиманзарро аз сӯи ҷануби Нимрӯз ба чашм дидам, ки ӯ буд Баҳман. Бо меҳр ва дилбастагӣ фармуд, ки:
пешина
аз 314
навбатӣ