Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва у фармуд ки «дибири донову фарзона биоваред». Ва ишон дибири фарҳихтаву фарзона оварданд ва у пеш нишасту ҳар чӣ Вироз гуфт дурусту рушану (гувизор) пурра навишт.
Ва ин у фармуд навиштан ки: Ба шаби нухуст ба ман Суруши аҳлаву Одури Изад пазиро (дучор) омаданд ва ба ман намоз бурданд ва гуфтанд ки: «Дуруст омадӣ ту, Арда Вироз (Вирози Аҳлав), агарам ҳамакнун туро овони (вақт) омадан набуд». Сипас пирузгар Суруши аҳлаву Одури Изад нухуст аз дасти ман фароз гирифтанд ва гоми нухустинро бо ёдоварии ҳумат,(дигарро) дуйумиро бо ёдоварӣ аз ҳухт ва сейумиро бо ёдоварии ҳуваршт бардоштаму фароз ба Чинват Пул омадам бас поно (ноно)пойандашавандаи (амованд) тавонои Ҳурмуздод. Чун ман ба он ҷо фароз омадам, дидам (рувон) ҷони ранҷурон ки се шаби нухуст ба зин болини тан нишастаанду ин гуфтаҳои Гоҳониро вирд доранд: ahmāi yahmāiśtā kahmāičiţ -аҳлав аст (биҳиштист) у ки аз хубиҳош (некиҳош) ҳар ка суд бибардорад. Ва дар у се шаб бад-ишон он қадар некиҳову осонӣ (фараҳ) расид ки ба як умри дирозшон ба гетӣ расида буд. Ҳамчунон марде ки то дар гетӣ буд аз (мисли) у осонтару хуштару хурамтар набуд марде дигар.
Рузи севум бомдод ҷони аҳлавон миёни(урварон) рустаниҳои хушбуй бигашт ва уро у буй хуштар намуд ки ҳар чӣ дигар буии хуше ки ба зиндагиш шунида буд ба (бинӣ) димоғ ва у боди буй аз руни (суии) рапиҳвинтар (ҷануб) аз нимаи (ҷониби) Йаздон биомад. Сипас худи дини уву кирдорҳош пазирош (ба истиқболиш) омаданд дар колбади (симо) духтаре бо пистонҳои (фароз) дамида бо ангуштҳои дироз ва колбади у чунон рушану барозо буд ки ба рангу руе ки ӯро буд, бад созгор.
Ҷони аҳлав у духтарро пурсид ки «Ту кистӣ, ту аз киӣ ки ман ҳич дар гетии зиндагон накутару хубчиҳратар колабе (симое) ки турост, надидаам ҳаргиз?»
Сипас дини уву кирдорҳои у посух доданд ки: «Инак, манам кирдорҳои ту, ай ҷавони (хубманиш) хубпиндору хуб-гуфтору хубкирдору хубдин. Ҳамин хоҳишу кирдори ту аст ки ман чинин (миҳ) бузургаму биҳаму хуббуйу пирузгору берешам (безийонам), чунонки ту сиголидаӣ. Чи ту дар гетӣ Гоҳон сурудӣ, обро биҳ парастидӣ (гиромӣ доштаӣ), оташро фарҳихтӣ (парвариш) кардӣ. Марди . аҳлавро ту хушнуд (хушбахт) гардондӣ, агар у аз дур буд ай наздик. Ман фарбиҳ будам фарбиҳтарам кардӣ, хуб будам биҳтарам кардӣ, сазовор будам сазовортарам гардондӣ ва ҳарчандки ман дар манзалати шуҳрат қарор доштам, чунон кардӣ ки шуҳратмандтар гаштам, пурарзиш будам арзишмантарам кардӣ ба ин ҳумату ҳухту ҳуваршт ки ту варзидӣ, ай марди аҳлав. Туро, ай марди аҳлав, пас аз маргат иҳтиром ҳамегузоранд чаро ки ту Ҳурмуздро ёд кардаӣ деру дироз ва бо у гуфтора доштӣ. Ҳар вақт ба як муҳлати дуру дироз ба хотири он ки ту Ҳурмуздро парастидаӣ ва (бо у) ҳамнишин будаӣ, осоиш ба ту хоҳад омад.

пешина
аз 314
навбатӣ