Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва дигар бор боз ба Чинват Пул омадам ва рувони друвандон (ғайри порсо) дидам ки се шаби нухуст ба ишон чунон зиёну сахтӣ расид ки ба гетӣ чанди у сахтиро ҳаргиз надида буданд. Ман аз Суруши аҳлав ва Озури изад пурсидам ки: «Ин рувони марди друванд аст ки ба он суйе давон аст ки он ҷо мурда буд - ба худи он ҷойе рувон ба роҳ баромада. У ба сари болин (-и ҷаноза) нишаста ин суханҳои Готҳоро мегуйад: «ай додор Ҳурмузд, ба кудом замин ман хоҳам гурехт ва аз кӣ паноҳ хостгор хоҳам шуд?». Ва дар ҳамон як шаб ба у ончунон зиён, сахтӣ бирезад ки ба як мард дар як умри дирози у ба гетӣ рехта.
Сипас боде сарду ганда пазирои у омад. У равонро чинин намуд ки у бод аз ними суйи (абохтар) шимол – аз ними девон омада ва гандатар аз у ҳич боде набуда ба гетӣ. Ва дар у бод у дину кирдори хешро дар колбуди зани ҷиҳ (шилихта) – ғажду фарсуда, бо зонуҳои каҷу килебу нишини барҷаста ва бо доғҳои руйиҳам хобида чунонки ки дар сару руйу тани як харфастри гандатарин аст, дид.
Ва пасон рувони друванд мегуяд ки: «Ту киӣ ки ман миёни доми Ҳурмузду Аҳриман аз ту зишттару ғаждтару гандатар надидаам».
Ба вай у зан мегуяд: «Ман ҳамон кирдорҳои бади туам – ҷавони душманишу душгуйишу душкунишу душдин. Ҳамин хоҳишу кирдори туаст ки ман зишту баду (базакор) гунаҳкор, даридаву пуда (фарсуда), бадбуву хаста (нопируз), ахмуам дар чашми ту. Ту медидӣ касеро ки нийоишу друну ситойиш мекарду йаздонро парастиш мекарду намозшон мебурд, обу оташ, гуспанду урвар ва дигар домони биҳ парвариш мекард, ту кирдори ба коми Аҳриману девон созгор аз худ ҳувайдо мекардӣ ва чун ту медидӣ касеро ки бахшиши шоиста ба хубону сазо-ворони омада аз дуру наздик мекарду испанҷу (миҳмоннавозиву) пазироӣ ба ишон аз худ намудор менамуд ва чизу хостаи заруришон медод, дар ба руяш мебастӣ. Ва ҳарчанд ман худ дурушту дағал будам дурушту дағалтарам кардӣ. Ва ҳарчанд ман худ норизо будам, норизотарам кардӣ. Ман худ ба абохтар (шимол) нишаста будам, чунон кардӣ ки боз аз бохтар болотар бинишинам ба (туфайли) душҳумат, душҳухт ва душҳуваршти ту ки варзиши ҳамешагии ту буда буд. У варзишҳои ту (дер замон) дуру дироз маро шиканҷ медоданд бо парастиши бади диру-дирозе ки Аҳриманро мекардӣ ва у ҳамнишинии бади пайваста ки бо у дошта будӣ.
Пасон рувони друванд гоми нухустинро суи душҳумат бардошт, дуйумиро – суи душҳухт, сейумиро – суи душҳ(у)варшт ва чаҳорум гомро бардошта давон суи дузах шитофт.
Пасон Суруши аҳлав ва Озури изад дасти ман бигирифтанд ва чун ман чанде ба он дастур рафтан гирифтам, дар сари роҳам сармову ҷолабарфак, хушкиву гандагӣ бисёр дидам ки ба гетӣ ҳаргиз на дида будам ва на шунида. Ва чун фарозтар шудам арғанди дузахро дидам, чунон жарф ки саҳмгинтарин чоҳ, то жарфтар мерафт, ториктар мегашт ва бимгинтар ҷо ва ба торикӣ чунон торик буд ва даст гирифтан имкон надошт (?). Ба гандагиву бадбуйӣ чунон аст ки ба ҳар ка агар ба бинӣ боди у бу бирасад… биларзаду биуфтад. Аз тангии у ҳар кас истодан натавонад ва ҳар кас мепиндорад ки: «Танҳоям». Ва чун се шабу се рӯз ин ҷо бимонад, (у) бегумон чинин хоҳад гуфт: «Нуҳ ҳазор сол аст банда будаам, маро ҳич намеҳиланд». Ҳар куҷо агар храфстар (ҳашарот) аст – агар кам аст – аз куҳ кам нест ва рувони друвандон чунон медариданду мехойиданду мекафонд-анд ки саг устухонро.

пешина
аз 314
навбатӣ