Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

[112] Ва дар андак замон аз хийунон касе зинда намонд ба ҷуз як худи Арҷоспи хайунон-худой.
[113] Ва ӯ Спиндадоди йал гирифту дастеву поеву гӯше аз ӯ бурид ва чашмаш бо оташ сӯзонду бар хари думбуридае [баршинонду] боз ба шаҳраш фиристод.
[114] Ва гуфташ, ки «Бираву бигӯ, ки чӣ дидӣ аз даст мани йали Спиндадод чи хийунон аз куҷо медонанд, ки дар рузи фарвардин чӣ гузошта дар разми Виштоспон бар [зидди] Ажи Даҳок».
АНДАРЗНОМАҲО
АНДАРЗИ ДОНОЁН БА МАЗДОПАРАСТОН1
Ба номи Яздон 1. Гӯш фароз доред, ба бартарӣ мардумоне, ки маздопарасти кишваред, бишнавед он гуфтори доно, ки андарзи неки Ҳурмузду амаҳраспандон (аст).
2. Ба ҳангоми бомдод бархезед, (эй) мардумони миранда! Аз (рӯи) оин дасту рӯй ба пешоби гӯсфандон шӯед ва ба оби пок шӯед ва аз рӯи оин ҷомаи пок пӯшед ва ба неранги2 дини масдиснон куштӣ3 бандед ба пиндору гуфтору кирдори нек. (Аз рӯи) пиндор ба равон кору кирдори нек кунед ва парастори кирдори нек бошед.
3. Имрӯз, ки чаҳониён (ин ҷаҳонро) раҳо кунанд, то Ҳурмузд Худо зиндагии гетӣ аз миён барад, пеш аз он, ки Астивдод фаро расад ва Вои4 бад бар колбад нишинад ва аз табоҳии колбад ҳушу заковат ва бӯю ҷону тан аз колбад ҷудо кунад ва колбади моро палид бекор кунад, тол (он гоҳ ки) Сушиянс ва тани пасин ҳушу заковату бӯю ҷон ва тану колбади мардумон яке бо дигар наомезад.
4. Пас колбади мардумон ҳамоно чун дарахтест, ки коранд, бирӯяд ва афзояду рушд кунад, шикананду буранд ва барчинанду бар оташ ниҳанд ва оташ сӯзонаду ҳазм кунад ва боди ардой5 дар ҷаҳон афшонад, пас ҷуз он ки бикошт ё бидид, надонад, ки хештан буд ё на.
5. Пас аз мардумон дар ҷаҳон он болотар, ки ҳар афзунии дороиро бо кору кирдори нек андӯзад.
6. Бо хешовандону дӯстону мардумони ғайр паймон машиканед, барои нажоду пайванди хеш (тухми) зишти паймоншиканиро ба пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад макоред.
7. [Бинобар Авесто]: «Андешаи нек андешад, гуфтори нек гӯяд, кирдори нек варзад...».
8. Чи агар [касе] нек андешад ба пиндор ва нек гӯяд ба гуфтор ва нек варзад ба кирдор, равони хешро ба беҳтарин зиндагӣ супорад: ба пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек.
9. Чун ки рӯҳи покро пиндор нек, гуфтор нек ва кирдор нек аст. Дини гоҳони (готоӣ), дини поки беҳи маздиснонро пеша некхӯй ва равиш парҳезкорист.
10. [Бинобар Авесто]: «Андешаи бад андешад, гуфтори бад гӯяд, кирдори бад варзад...».
11. Чи агар (касе) бад андешад ба пиндор, бад гӯяд ба гуфтор ва бад кунад ба кирдор, равони хешро ба бадтарин зиндагӣ супорад: ба пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад.
12. Чунки менуи бадро (Аҳриманро) пиндор бад, гуфтор бад ва кирдор бад аст. Дин ҷодуӣ ва пеша бединӣ ва равиш фирефторист.

пешина
аз 314
навбатӣ