Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  1. Ин доруҳоро (бояд) андар ҳован шикебоӣ кардан, ба ҳованд астаи ниёиш кӯфтан ва ба парниёни таваккул бехтан ва ҳаррӯз бомдод бисёр (зуд) ду кафча бо кафча паноҳ (ба) Яздон ба даҳон афкандан ва низ об «шоиста аст кардан» аз паси (он) хӯрдан. Сипас, бо бегумонӣ хурсанд будан, чи барои тану равон бисёр судмандтар аст.
    Фарҷом ёфт.
    РИСОЛАИ РӮЗҲО1
  2. Рӯзи Ҳурмузд май хӯру хуррам бош. 2. Рӯзи Баҳман пӯшоку ҷомаи нав пӯш. 3. Рӯзи Урдубиҳишт ба оташкадаҳо рав. 4. Рӯзи Шаҳривар шод бош (ва фузалоро нигаҳдорӣ кун). 5. Рӯзи Сипандармад замин варз (кишт) кун. 6. Рӯзи Хурдод ҷӯй кан (ва обро нигаҳдорӣ кун). 7. Рӯзи Амурдод дору дарахт бинишон. 8. Рӯзи Дай ба озар сар шӯй ва мӯю нохун ороста кун. 9. Рӯзи Озар ба роҳ (сафар) шав (то дуруст боз ойӣ). Ва нон мапаз, чун гуноҳи гардон бувад. 10. Рӯзи Обон обро нигаҳдорӣ кун ва обро маозор. 11. Рӯзи Хвар кӯдак ба дабиристон деҳ, то дабиру фарзона шавад. 12. Рӯзи Моҳ май хӯру бо дӯстон осоиш кун ва аз моҳи Худо ниёз хоҳ. 13. РӯзиТир кӯдакро ба тир андохтан ва набарду саворӣ омӯхтан фирист. 14. Рӯзи Гуш парвариши Гушуруг кун ва гӯшт махӯр ва говро ба варз (кардан) омӯз. 15. Рӯзи Дай ба Миҳр сар шӯй ва мӯю нохун ороста кун, ангур аз разон ба чархушт боз афкан, то беҳ гардад. 16. Рӯзи Миҳр агар аз касе мустамандӣ ба ту расидааст, пеши изади Миҳр аз Миҳр доварӣ хоҳ ва гила кун. 17. Рӯзи Сурӯш барои наҷоти равони хеш аз Сурӯши росткирдор ниёз хоҳ. 18. Рӯзи Рашн рӯзгор сабук аст, ҳар кор, ки хоҳӣ кардан, дар некӯӣ кун. 19. Рӯзи Фравардин савганд махӯр ва он рӯз ситоиши фраваҳри парҳезкорон кун, то хушнудтар буванд. 20. Рӯзи Баҳром хонумон бунёд гузор, то зуд ба фарҷом расад ва ба разму корзор шав, то ба пирӯзӣ бозойӣ. 21. Рӯзи Ром зан бихоҳ ва кору хуррамӣ кун ва пеши доварон рав, то ба пирӯзӣ ва наҷот бозойӣ. 22. Рӯзи Бод сабр кун ва кори нав мапайванд. 23. Рӯзи Дай бад-ин ҳар коре хоҳӣ кардан, бикун ва зан ба хона овар, мӯй ва нохун биорой ва ҷомаи [нав] пӯш. 24. Рӯзи Дин хравстар (ҳашарот) куш. 25. Рӯзи Ард ҳар чизи нав бихар ва ба хона бар. 26. Рӯзи Аштод асп, гов, сутур барои ҷуфтгирӣ раҳо кун, то ба дурустӣ бозояд.
  3. Рӯзи Осмон ба роҳи дур рав, то ки ба дурустӣ [боз] ойӣ. 28. Рӯзи Замёд дору махӯр. 29. Рӯзи Маҳраспанд ҷома сӯзанкорӣ кун ва бидӯзу бипӯш; зан ба занӣ гир, то ки фарзанди тезҳӯши некӯ зояд. 30. Рӯзи Анерон мӯй ва нохун ороста кун, зан ба занӣ гир, то ки фарзанди номвар зояд.
    Анӯшаравон бод Озарбоди Маҳраспандон, ки ин андарз кард ва ин фармон дод!
    АНДАРЗҲОИ ПЕШИНИЁН1
    I
    Ба номи Яздон 1. Дороии тандурустӣ беҳ. 2. Фарзанди порсо беҳ. 3. Бародари некном беҳ. 4. Пуштибонии вазифа беҳ. 5. Ҳамроҳӣ (дар зиндагӣ) бо зани нек беҳ. 6. Кори некӣ фаровон беҳ. 7. Дӯсти равони хеш (будан) беҳ. Баргузоркунандаи ҷашни гоҳонбор беҳ. 8. Дар ҳама кору қазоват ростиву дурустандешӣ беҳ. 9. Ба ҳар ду ҷаҳон бегумонӣ беҳ. Анҷомид ба дуруд.
пешина
аз 314
навбатӣ