Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан
  1. Акнун ман хоҳиши кӯшиш дар ашуй варзидан ва аз гуноҳ парҳез кардан (дорам). Чунон бе он ки рух диҳад, аз кирдору фармоиши шоҳони замон ва шаҳриёрии шуми эшон бечораам. Ё ба хоҳиши худ аз гуноҳи ошкор чанде парҳез кардан. Ба ҳастии Яздону нобудии девон ва дину равон ва биҳишту дӯзах ва якҷо бо ин дар (будани) рӯзи чаҳорум ва зинда гардонидани пас аз марг бегумонам. Мароми ман ашуиву порсоӣ аз тану ҷону равон ва ҳар некии гетиву менуст. Ва сухане чанд барои шукӯҳи гетӣ дар ин ёдгор навиштам, ки:
    5-6. Кадом мардум фаррухтар? Он ки камгуноҳтар. 7-8. Кӣ камгуноҳтар? Он ки ба доди Яздон росттар бувад ва аз доди девон бештар бипарҳезад.
    9-10. Доди Яздон кадому доди девон кадом? Доди Яздон некиву доди девон бадӣ.
    11-12. Некӣ чисту бадӣ чист? Некӣ пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ва бадӣ пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад.
  2. Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек чист ва пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад чист?
  3. Пиндори нек – паймон дар андеша, гуфтори нек – родӣ ва кирдори нек – ростӣ.
  4. Пиндори бад – фирефторӣ дар андеша, гуфтори бад – пастӣ ва кирдори бад – дурӯғгӯӣ.
  5. Паймон дар андеша чист, родӣ чист, ростӣ чист? Ва фирефторӣ дар андеша чист, пастӣ чист, дурӯғгӯӣ чист?
  6. Паймон дар андеша ин ки (кас) моли ҷаҳон гузарон бинад ва ком ба он чиз барад, ки тани ӯ ба каффораи гуноҳ ва равонаш ба дӯзах нарасад.
  7. Родӣ ин ки (кас) сарнавишти танро аз тан ва сарнавишти равонро аз равон ҷудо накунад.
  8. Ростӣ ин ки ба равони хеш рост ва бефирефтор бувад. 20. Фирефторӣ дар андеша ин ки (кас) гетиро нопойдор ва менуро ҷовидон донад ва маром бар он чиз барад, ки анҷом вайронии тан ва каффораи гуноҳ ва кефар ба равонаш бувад.
  9. Пастӣ ин ки (кас) сарнавишти танро аз тан ва сарнавишти равонро аз равон ҷудо дорад.
  10. Дурӯғгӯй ин ки (кас) танро ба мароми равон ба фиреб дорад.
    23-24. Ба некӣ кӣ комилтар? Он ки донотар аст. 25-26. Кӣ донотар? Он ки фарҷоми тан донад ва душмани равон шиносад, хештан аз душмани равон бипояд ва бим надоштанро бартар донад.
  11. Фарҷоми тан чист? Кист он душман, ки доноён (ӯро) беҳтар тавонанд шинохт?
  12. Фарҷоми тан вайронии колбуд ва душмани равон ин чанд дев, ки Аҳриман дар фирефтан ва гуноҳ кардани мардумон ва душмании мардумон офарид.
    29-30. Он девон кистанд ва чанд (тананд)? Озу ниёз, хашму рашк, нангу шаҳват, кин, танбалӣ ва деви аҳламуғӣ (бадоинӣ) ва тӯҳмат.
    31-32. Аз ин чанд дев кадом ситамгортар? Оз (ҳирс) нохуштару бечоратар.
  13. Ниёз андӯҳгинтару бадбахттар. 34. Ва хашм сангдилтару носипостар. 35. Рашк бадхоҳтару баумедтар. 36-37. Ва нанг пархошгартар. Ва шаҳват худхоҳтару хашмгинтар.
пешина
аз 314
навбатӣ