Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Оштӣ кардан беҳтар аст ва на ҷанг кардан. 5. Умед гирифтан беҳтар аст ва биҳиштани кин. 6. Ромиш пазируфтан беҳтар аст ва боздоштани хашм. 7. Хӯрдани хашм беҳтар аст ва на савганд. 8. Додани баҳри хоста беҳтар аст ва на гувоҳӣ ба дуруғ. 9. Пурсидори марди бероҳ набошед ва ниюшидори марди дӯшогоҳ набошед ва ҳампарсаи марди фирефтор набошед.
  2. Ба он (чӣ, ки) омадааст, хурсанд бошед (ва) андӯҳгин набошед.
  3. Касе (ки) Яздон ӯро ёр нест, ӯ аз ҳама бадбахт(тар) аст. Фарҷом ёфт ба дуруд, шодӣ, ромиш!
    НАҲИШИ ЧИЗИ ГЕТӢ Ба номи Яздон 1. Ин(ро) низ гӯянд, ки чизи гетӣ бар бисту панҷ баҳр ниҳода шудааст, панҷ (баҳр) бар бахт, панҷ (баҳр) бар куниш, панҷ (баҳр) бар хӯй ва панҷ (баҳр) бар гавҳар ва панҷ (баҳр) бар варосат.
  4. Зиндагӣ, зану фарзанд ва фармонравоиву хоста бар бахт.
  5. Осрунӣ ва артишторӣ ва востревашӣ ва карафа ва базаҳ бар куниш.
  6. Ба занон шудан ва кор гузоридан, хӯрдан, рафтан, хуфтан бар хӯй.
  7. Меҳру озарму родиву ростиву фурутанӣ бар гавҳар. 6. Тани баҳр ва ҳушу бир (=заковат) ва нирӯ бар варосат. Фарҷом ёфт.
    ЁДГОРИ БУЗУРГМЕҲР
    Нишони нек бод ононеро, ки ба тану равон ва дорой неканд. Чунин бод!
  8. Ман Бузургмеҳри Бухтагон - сарпарасти ҳарами шаҳриёри нерӯманди Хусрав ва сарвари дарбор, ин ёдгорро ба ёрии нерӯи Яздон ва дигар ҳамин гуна менуи (рӯҳи) беҳин ва аз фармоне, ки шоҳаншоҳ Хусрав дод, навиштам, то он шояд фарҳанги хубе буда бошад, барои онон, ки дар пазириши кошона ва дороӣ аз Яздон офарида шудаанд. Ва онро дар Ганҷи шойгон ниҳодам.
  9. Чун чизи гетӣ ҳама гузарону табоҳпазир ва дар гардиш (аст), ӯро, ки Яздон бояд подош диҳад, дороии беранҷ барояш пардозад ва чизи фаровон андӯзад ва ба кори бузургу подшоҳӣ расонад. Бартариҳо ёбад ва бузургтарин ном (ба худ) хоста бошад ва номитарин кор (дар) афрӯхтани хонумони меҳан кунад. Ӯро зиндагӣ дароз ва афзоиши фарзанду пайванди бузург, умеду подоши нек дар кору роста ва суди мардумону пойдории офариниши нек, кордониву ҳама дигар фаррухии гетӣ, ки яке бо дигар пайванду ҳамсон (аст) бувад.
  10. Устувории он чанд чизро дурандешӣ кардам. На дертар дар замони сад сол тан ба фарҷому шаҳриёрӣ ба нестӣ (расад). Ва дар замони се сад сол хонавода ба вайронӣ ва ном ба фаромӯшиву аз ёд рафтан ва хонумону меҳан ба вайрониву нопокӣ ва нажоду пайванд ба фурӯмондагиву пушаймонӣ, кӯшиш ба бебарорӣ ва ранҷу кӯшиш ба тиҳигӣ ва подшоҳӣ ба шаҳриёрони замон (расад). Дороӣ ба ононе монад, ки замон ин фаррухиро барояшон офарида буд. Ва чизи зинда бипояд ва вайрон нашавад ва овози ашуй (росткирдорӣ) ва офариниши зинда ва кори некро ҳеҷ кас рабудан натавонад.
пешина
аз 314
навбатӣ