Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ва дар мавриди тавба бурдан чизи муҳим ин аст, ки (одамӣ) аз худкомӣ гуноҳ накунад. Ва агар аз нодонӣ ё саҳлангорӣ ё ноогоҳӣ гуноҳе бувад, пеши дастурону некон тавба кунад. Ва пас аз он дигар гуноҳ накунад, он гоҳ он гуноҳе, ки кардааст, аз тани ӯ дур шавад. Чун бод шитобад, тез ва сахт ояд ва даштро чунон молад, ки ҳар гиёҳу чизеро, ки он ҷо афтодааст, бибарад.
52. Пурсид доно аз Мену хирад, ки намозу ситоиши эзадонро чӣ гуна бояд кард?
Мену хирад посух кард, ки ҳар рӯз се бор баробари хуршеду (эзади) Меҳр, чун (ин ду) бо ҳам мераванд, истодан ва намозу ситоиш кардан. Ва ҳамин гуна моҳ ва оташи Баҳром ё оташи Озаруро бомдоду нимрӯз ва пас аз ғуруби офтоб намозу ситоиш кардан ва сипосдор будан. Ва агар худо накарда ба эзадони менуву гетӣ ва мардумону сутурон ва говону гӯсфандон ва сагону ҳайвоноти аз ҷинси саг ва дигар офаринандагони офаридгор Ҳурмузд гуноҳе сар зада бошад, пеши хуршеду Меҳру моҳу оташи Ҳурмузд тавбакору пушаймон будан. Ва барои раҳоиш аз гуноҳ ҳар чи беҳтар кори нек кардан.
53. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро марди нодон чун ӯро биомӯзонанд, фарҳангу омӯзиши доноёну беҳдинонро чунон хор дорад, ки омӯхтан бад-ӯ душвор бувад?
Мену хирад посух кард, ки зеро марди нодон нодонии хешро дар андешааш чунон нек пиндорад, ки доно доноии хешро дар андешааш.
54. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро марди бадгуҳар неконро дӯст надорад ва марди нодор дороро?
Мену хирад посух кард, ки зеро марди бадгуҳарро ҳамеша аз доро бим (бувад), ки онон моро ба ҳунару дороӣ таҳқир кунанд ва бар мо пеши некону душманон шармандагӣ расад.
Ва марди бадгуҳар неконро бад-ин сабаб дӯст надорад, ки замони нестӣ ва задани онон аз дасти некон бувад.
55. Пурсид доно аз Мену хирад, ки ин кӯҳҳову дарёҳо дар ҷаҳон чаро карда шудаанд?
Мену хирад посух кард, ки ин кӯҳҳо дар ҷаҳон бархе ангезандаи бод ва бархе боздорандаи боданд ва бархе ҷой ва тартибу нишеману макони абри борандаанд. Ва бархе занандаи Ахриману девон ва нигаҳбону зиндагибахши офаринандагони офаридагор Ҳурмузданд.
Ва ин дарёҳоро дар ҷаҳон офаридагор Ҳурмузд барои нигоҳдорӣ ва зиндагибахшии офаридагони хеш аз канори Албурз кардааст.
56. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро банди дониш ва кордонии менуву гетӣ ҳар ду ба ту пайваста аст?
Мену хирад посух дод, ки зеро аз нахуст ман, ки хиради зотӣ ҳастам, аз менуҳову гетиҳо бо Ҳурмузд будам. Ва офаридагор Ҳурмузд эзадони офарида дар мену ва гетӣ ва дигар офаридагонро ба нерӯву тавоноӣ ва доноиву корогоҳии хиради зотӣ офарид ва нигоҳ дораду ҳидоят кунад. Ва дар сари фрашгард Аҳриману фарзандонашро ба нерӯи хирад бештар метавон нобуд кард ва бизад. Ва Сушияанс бо Кайхусрав ва онон ки растохезу тани пасин кунанд, бо нерӯ ва ёрии хирад (ин корро) беҳтар метавонанд кунанд.

пешина
аз 314
навбатӣ