Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Донишу корогоҳии гетӣ ва фарҳангу омӯзиш дар ҳар ҳунар ва пеша ва ҳама сомон ба хирад бувад. Ва равони порсоён аз нерӯ ва нигаҳбонии хирад бештар бар раҳоӣ аз дӯзах ба биҳишти Гарудмон мерасад. Ва мардумон дар гетӣ зиндагии хуб ва хушиву некномӣ ва ҳама некиҳоро ба нерӯи хирад метавонанд хостан.
Ва (нигоҳ) доштани тухми мардумон ва сутурону говону гӯсфандон ва ҳар офариниши дигари Ҳурмуздхудо дар шикам, ки аз гуруснагиву ташнагӣ намиранд ва пайдо кардани хӯрок барои онон дар шикам ва бахшу рушди андомҳо аз дурбинӣ ва зӯру нерӯи бузурги хирад бештар метавонад анҷом гирад.
Ва оростани замин ва омезиши об дар замин ва рӯидани нумӯи гиёҳон ва рангҳои гуногун ва бӯву маза ва хушии ҳар чиз бештар ба хирад хубтар бахш карда шудааст. Ва оростани Албурз пиромуни ҷаҳони орӣ аз пирӣ ва падид овардани ҳафт кишвар дар замину осмон бар кӯҳи Албурз ва равиши хуршеду моҳ ва дувоздаҳ ахтарон ва шаш гоҳи Гоҳонбор ва панҷ гоҳи Фравардинон ва биҳишт, ки дар ҷои пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ва бартарии Гарудмон ва пули Чинвод, ки гузаргоҳи менуҳову гетиҳост, ба нерӯи хирад сохта ва бахш шудааст.
Ва абри обгина, ки обро аз дарё гирад ва ба фазо ронад ва ба паймона сиришк-сиришк ба замин безад ва донистани офариниши Ҳурмузд ва чигунагии биҳишту дӯзах ва некӯии Ҳурмузду амаҳраспандон ва эзадони дигар бар офаридагони хеш ва табоҳкориву марговарии Аҳриману девонро бар офаридагони Ҳурмузд ба нерӯи хирад бештар метавон донист. Ва гуфтори беҳдини маздиснон ва омӯзиши гетиён, шикастани колбуди модии девон ва нопадид кардани (онон) аз биниши мардумон аз бартарии чизи хирад беҳтар анҷом гирифтааст. Ва низ ситезаву корзори эрониён бо ғайри эрониён ва задани Аҳриману девонро ба нерӯи хирад метавон кард. Ва низ оби ниҳон дар зери заминро ба дидори хуршед (падид) кардан ва ба кишту варзу ободонӣ ва суду осоишу хушии мардумону сутурон ва говону гӯсфандон (овардан) ба нерӯи хирад метавон кард. Ва шинохтани дарду бемории мардумону сутурон ва говону гӯсфандон ва ҷонварони дигар ва дору дармон ва тандурустиву осоиш ба онон бурданро ба Мену хирад бештар метавон кард.
Ва ҳар мардум, ки аз хирад баҳраи бештар (дорад), баҳраи ӯ аз баҳраи биҳишт бештар бувад. Ва низ Гуштоспу Зартушту Кайумарс ва дигар касоне, ки баҳраашон аз биҳишт бештар аст, аз он аст, ки хирад ба онон бештар расидааст. Ва Ҷамшеду Фаридуну Ковус ва шоҳони дигаре, ки аз эзадон нерӯ ва тавонгарии беш ёфтаанд ва наомадани эшон ба биҳишт аз ин (буд), ки ба худои хеш носипос шуданд. Сабаб ин буд, ки ба онон хирад кам расида буд.
Ва низ Аҳриману девон мардеро бештар фиребанд ва ба дӯзах кашанд, ки дар хирад дарвештар ва дар хислат сабуктар (аст). Ва пайдост, ки он ки ба хулқу хӯ ва рафтор нек (аст), бояд аз хирад сипосгузор бувад. Чи пайдост, ки Аҳриман ба Зартушт гуфт, ки агар аз беҳдини маздиснон боз истӣ, он гоҳ туро ҳазор сол подшоҳии гетӣ диҳам. Ҳамчунон ки ба Вазағони16 фармонраво – Заҳҳок додам. Зартушт ба сабаби пурхирадӣ ва хӯву рафтори некӯ ба он сухан гӯш надод ва ба он фиреби менуи табоҳкор (Аҳримани) малъун фирефта ва гумроҳ нашуд. Ва ба Аҳриман гуфт, ки мешиканам ва нобуду низор макунам колбуди шумо девону дуруҷон ва ҷодугарону париёнро бо хому барсум ва бо беҳдинии рост, ки офаридагор Ҳурмузд ба ман омӯхт. Аҳриман чун он сухан бишнид, мабҳуту мағлуб шуд ва ба дӯзах давид ва дер замон мабҳут биистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор