Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Зани ҷавону дурустгуҳар ва устувору некном ва хушхӯву хонаафрӯз, ки шарму бимаш нек ва падару ниё ва шавҳару солори хешро дӯст дорад ва зебост, бар занони душмани хеш сарвар аст.
Ва гови фараҳманди баландгӯши рамадор бар говон сарвар (аст). Боз сарвари мурғон ва аспи тезрав сарвари аспон ва харгӯш сарвари дадон ва гандум сарвари ғаллаҷот (аст).
61. Пурсид доно аз Мену хирад, ки Кангдиз куҷо ҷой дорад? Вари Ҷамкард куҷо ҷой дорад? Тани Сом куҷо ҷой дорад? Макони Сурӯш куҷост? Хари сепо куҷо ҷой дорад? Ҳуми тартиб-кунандаи мурдагон, ки мурдагонро бо (ёрии) ӯ тартиб кунанд, куҷо рустааст? Гупадшоҳ дар кадом ҷой истодааст? Кармоҳӣ ба чӣ кор гумошта шудааст? Симурғ куҷо ошён дорад? Чиномаруш куҷо нишинад ва кораш чист?
Мену хирад посух кард, ки Кангдиз дар сӯи Машриқ, наздики дарёи (баҳри) Садвис гумошта шудааст, дар марзи Эронвиҷ.
Ва вари Ҷамкард дар Эронвиҷ зери замин бунёд шудааст. Ва ҳама гуна тухм аз ҳама гуна офаридагони офаридагор Ҳурмузд аз мардуму сутур ва гӯсфанду паранда, ҳар чи беҳтару баргузидатар аст, бад-он ҷо бурда шудааст. Ва ҳар чиҳил сол аз ҳар заневу марде, ки он ҷо ҳастанд, фарзанде зода шавад ва зиндагишон сесад сол (аст) ва дарду офат кам доранд.
Ва тани Сом дар дашти Пешонсаҳ наздики кӯҳи Дамованд аст ва дар он дашт ҷуз ғалла ва чизҳои хӯрданӣ, ки мекоранд ва медараванд, бад-он зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ гуна гиёҳу дарахт ва рустанӣ нест. Ва заргунии он бештар аз дармона18 аст. Ва эзадону амаҳраспандон барои тани Сом 99999 фраваҳри порсоёнро ба нигаҳбонӣ гумоштанд, то деву дуруҷон бад-ӯ осеб набаранд.
Ҷойгоҳи Сурӯш бештар дар (кишвари) Арза ва пас аз он дар (кишвари) Саваҳ ва ҳама ҷаҳон аст.
Хари сепо миёни дарёи Варукаш истад. Ва ҳар оби олуда ба лошаву даштон ва дигар нопокиҳо, ки бибарад, чун ба хари сепо расад, ҳамаро ба нигоҳ поку покиза кунад.
Ва ҳуми тартибкунандаи мурдагон дар дарёи Варукаш дар жарфтарин ҷой рустааст ва 99999 фраваҳри порсоён ба нигаҳбонии ӯ гумошта шудаанд. Ва кармоҳӣ пайваста пиромуни ӯ бигардад ва қурбоқаву ҳайвоноти зиёновари дигарро аз он боз дорад.
Губадшоҳ дар Эронвиҷ дар кишвари Хунирас аст ва аз пой то нимаи тан гов ва аз нимаи тан то боло мард аст. Ва ҳамвора дар соҳили дарё нишинад ва парастиши эзадон кунад ва оби зуҳр ба дарё резад. Ва ба иллати оби зуҳр рехтани ӯ ба дарё ҳайвоноти зиёновари бешуморе дар дарё бимирад. Чи агар худой накарда он маросими парастишро накунад ва он оби зуҳрро ба дарё нарезад, то он ҳайвоноти зиёновари бешумор нобуд нашавад, чун борон борад, он ҳайвоноти зиёновар монанди борон фурӯ боранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор