Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин низ пайдост, ки Ҳурмузд чун Аҳриманро бо ҳама офаридагонаш ба паймон овард, пас ба ҳама эзадону амаҳраспандон анҷуман кард ва аз хиради хеш сипосгузорӣ кард ва ба забон овард.
Ин низ пайдост, ки нуҳ ҳазор сол то (замони) фрашгард ва растохезу тани пасин ҳама офаридагонро хирад (нигоҳ) медорад ва ҳидоят мекунад.
Ин низ пайдост, ки марди нодону бадхӯ агар ба арҷмандӣ ва тавонгариву фармонравоӣ расад, бо ин ҳама набояд барои он некӣ ва нерӯ бад-ӯ арҷ гузошт.
57. Пурсид доно аз Мену хирад, ки чаро фармонравои нодон аз нерӯе, ки дорад, ноогоҳиву аблаҳии ӯ ба доноӣ ва ҳунармандӣ бар гардад? Дарвеши донову бегуноҳ, аз он ки дарвеш (аст), доноиву кордоние, ки дар ӯст, ба аблаҳиву бесудӣ бар гардад?
Мену хирад посух кард, ки аз фиребу ситами деви Оз он мардумонеро, ки дороӣ ва тавонгариашон бештар аст, дар бораи мардумии ӯ сухан бештар гӯянд ва кирдору кори ӯро бештар гумон кунанд. Вале дар чашми эзадону амаҳраспандон дарвеши бегуноҳу доно беҳтар ва гиромитар, ки фармонравои тавонгари нодон.
58. Пурсид доно аз Мену хирад, ки ҷурми диндорон чист ва ҷурми сипоҳиён чист ва ҷурми кишоварзон чист ва ҷурми пешаварон чист?
Мену хирад посух кард, ки ҷурми диндорон мулҳидиву озварӣ (ҳирс) ва фаромӯшкориву ғафлат ва кӯтоҳандешиву бадэътиқодӣ дар дин (аст).
Ва ҷурми сипоҳиён ситаму озор ва паймоншиканиву нобахшояндагӣ ва такаббуру таҳқири дигарон аст.
Ва ҷурми кишоварзон нодониву рашк ва бадхоҳиву кинаберарист.
Ва ҷурми пешаварон бадэътиқодиву носипосӣ ва зиштгӯиву тундӣ ва бадсуханист.
59. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом мардум ба некиву бадӣ шинохтатаранд?
Мену хирад посух кард, ки он мардум, ки нишасту кораш бо некон (аст) ва номашро ба некномиву хубӣ баранд, он мард ба некӣ шинохтатар (аст).
Ва касоне, ки нишасту корашон бо бадон (аст) ва номашро ба бадномӣ баранд, он мард ба бадӣ шинохтатар (аст). Чи гуфта шудааст, ки он ки бо некон пайвандад, некӣ бо худ оварад ва он ки бо бадон пайвандад, бадӣ бо худ оварад. Ҳамчун бод, ки чун бо (чизи) гандида бархӯрад, бӯи бад бо худ оварад ва чун бо (чизи) хушбӯй бархӯрад, бӯи хуш бо худ оварад. Пас сазад, донистан, ки он ки кораш бо некон (аст), некӣ пазирад ва он ки кораш бо бадон (аст), бадӣ пазирад. Вале бо ин ҳама ҳар дуро бояд озмоиш дошт.
60. Пурсид доно аз Мену хирад, ки сарвари мардон кист ва сарвари занон кист ва сарвари аспон кист ва сарвари парандагон кист (ва сарвари говон кист) ва сарвари дадон17 кист ва сарвари ғаллаҷот кист?
Мену хирад посух кард, ки марди донои устувор ба дин ва сипосгузори ростгӯй бар душманон сарвар аст.

пешина
аз 314
навбатӣ