Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

IV
Дар огоҳ шудани Ардавон аз гурехтани Ардашер бо канизак ва шитофтани ӯ аз паси эшон
Чун рӯз шуд, Ардавон канизакро хост, лек канизак дар ҷой набуд. Сутурбон омад ва ба Ардавон гуфт, ки Ардашер бо ду аспи шумо дар ҷой нест. Ардавон донист, ки канизаки ӯ бо Ардашер гурехтааст. Ва чун огоҳӣ аз ганҷ бишнид, ошуфта шуд ва ӯ ахтаршуморон солорро бихосту гуфт, ки зуд бош ва бингар, то он гунаҳгор бо он нопоки фосиқ куҷо шуд ва кай шояд гирифтан.
Ахтаршуморон солор тақвим гирифт ва дар посух ба Ардавон гуфт, ки Моҳ аз Кевон10 ва Баҳром рафта ва бо Ҳурмузду Тир11 пайваста ва фармонравой миёни осмон бар партави Миҳр истодааст. Ва чунин пайдост, ки Ардашер гурехта ва ӯро рӯй ба суи Порс аст. Агар то се рӯз гирифтан нашояд, пас аз он гирифтан натавон.
Ардавон дарҳол сипоҳе чаҳор ҳазор биорост ва роҳ ба Порс паи Ардашер гирифт. Чун нимрӯз буд, ба ҷое расид, ки роҳи Порс аз он ҷой мегузашт. Ӯ пурсид, ки он ду савор, ки ба ин сӯй омаданд, кай гузаштанд? Мардум гуфтанд, ки бомдод чун хуршед теғ бароварда буд, чун боди бузург бигузашганд ва аз паси эшон баррае бас нерӯманд ҳаме давид, ки аз он накӯтар будан нашояд. Бидонем, ки то кунун бисёр фарсанг замин рафтаанд ва шумо гирифтан натавонед. Ардавон ҳеҷ намонд ва биштофт.
Чун ба ҷое омад, аз мардуми он пурсид, ки он ду савор чӣ гоҳ бигзаштанд? Эшон гуфтанд, ки нимрӯз буд чун боди бузург ҳамерафтанд ва ҳамвора бо эшон баррае низ мерафт. Ардавон тааҷҷуб кард ва гуфт, ки нигар! Савори дугонаро донем, аммо он барра чӣ шояд будан? Ва ӯ аз дастур пурсид. Дастур гуфт, ки он фарри подшоҳист, ки ҳанӯз ба ӯ нарасида. Бояд зуд савор шавем ва шояд пеш аз он ки он фарр бад-ӯ расад, битвонем гирифтан. Ардавон бо саворон зуд биштофт.
Рӯзи дигар 70 фарсанг рафтанд ва ононро гурӯҳи корвоне пеш омад. Ардавон аз эшон пурсид, ки он ду саворро дар куҷо дидед? Эшон гуфтанд, ки миёни шумову онон 21 фарсанг замин аст. Моро чунин намуд, ки бо яке аз он саворон баррае бас бузургу чобук ба асп нишаста буд. Ардавон аз дастур пурсид, ки он барра бо ӯ ба асп чиро намояд. Дастур гуфт: Ҷовидон бодо! Ба Ардашер фарри каён расид ва ба ҳеҷ чора ӯро гирифтан натавон. Пас хештану саворон ранҷ мадиҳед ва аспон маранҷонеду табоҳ макунед. Чораи Ардашер аз дигар роҳ бихоҳед.
V
Дар фиристодани Ардавон писари хешро бо сипоҳ ба Порс ба гирифтани Ардашер
Ардавон чун бишнид, боз гашт ва ба ҷои нишасти хеш омад. Пас аз он сипоҳу ғунд12 ороста бо писари хеш ба Порс ба гирифтани Ардашер фиристод. Ардашер роҳ аз канори дарё гирифт. Чун мерафт, чанд мард аз мардумони Порс, ки аз Ардавон озурда буданд, дороӣ ва тани хеш пеши Ардашер доштанд ва ягонагиву фармонбардорӣ падид оварданд.

пешина
аз 314
навбатӣ