Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
VI
Дар ёрӣ додани Буног ба Ардашер
Чун ба ҷое, ки Ромиш-Ардашер хонанд, расид, марде бузургманиш Буног ном аз Исфаҳон, ки аз дасти Ардавон гурехта буд, он ҷо макон дошт, худ бо шаш писару бас сипоҳу ғунд ба назди Ардашер омад. Ардашер аз Буног метарсид, ки мабодо гирадам ва ба Ардавон супорад. Пас Буног ба пеши Ардашер омад ва савганд хӯрду паймон кард, ки то зиндаам, худ бо фарзандон фармонбардорӣ ту бошам. Ардашер хуррам шуд ва он ҷо рустоеро, ки Ром-Ардашер хонанд, фармуд бунёд кардан. Ӯ Буногро бо саворон он ҷой гузошт, худ ба канори дарё рафт. Чун дарё ба чашм дид, сипоси Яздон ба ҷой овард ва дар он ҷой рустоеро Бухт-Ардашер ном ниҳод ва фармуд даҳ оташи Вараҳрон ба назди дарё нишонанд. Ва аз он ҷой боз ба наздики Буногу саворон омад.
VII
Дар корзори Ардашер бо Ардавон ва ба занӣ гирифтани духтари Ардавон
Ардашер сипоҳ ороста ба даргоҳи оташи Фарнбаи накӯкор шуд ва аз ӯ барор хосту ба корзори Ардавон омад. Он ҳама сипоҳи Ардавон бикушт, дороӣ ва сутуру сомони дигар аз вай бистонду худ ба Истахр макон гирифт. Аз Кирмону Макрону Порс, аз ҳар сӯй сипоҳи бас бешумор гирд кард ва ба корзори Ардавон омад. Чаҳор моҳ ҳар рӯз бас корзору куштор буд.
Ардавон аз ҳар вилоят, чун аз Райу Дамованду Делмону Падишхоргар сипоҳу нерӯ хост. Аз он ки фарри кайон бо Ардашер буд, Ардашер пирузӣ ёфт. Ӯ Ардавонро бикушт ва ҳама дороӣ ба дасти Ардашер омад ва духтари Ардавонро ба занӣ гирифт. Боз ба Порс омад ва шаҳристонеро, ки Ардашер-хварра хонанд, бунёд кард. Ва ӯ дарёе бузург канду оби чаҳор ҷӯй аз он баровард ва оташ бар он ҷой нишонду кӯҳи бузургеро канда, рӯди Ровак аз он равон кард. Бас деҳу мулк обод кард ва оташи Варахрон дар он фармуд нишондан.
VIII
Дар корзори Ардашер бо курдон ва табоҳ шудани ӯ
Пас аз он сипоҳу ғунди зӯровар бо ҳам кард ва ба корзори Модигшоҳи курдон рафт. Басе корзору хунрезӣ шуд ва сипоҳи Ардашер сутӯҳ гардид. Ардашер бо сипоҳи хеш дар биёбон шуд ва шаб ба биёбоне омад, ки онро ҳеҷ обу гиёҳ набуд. Худ бо саворону сутурон ҳама ба гуруснагиву ташнагӣ омаданд.
Ӯ аз дур оташи шубонон бидид ва ба он ҷой рафт. Он ҷо мардони пире дид, ки бо гӯсфандон ба дашту кӯҳ буданд. Ардашер он шаб он ҷо шуд ва рӯзи дигар аз эшон роҳ пурсид. Эшон гуфтанд, ки аз ин ҷо се фарсанг рустоест ободон ва пурмардуму бисёр борифоҳ.
Ардашер ба он деҳ шуд, мардеро фиристод ва саворони хеш ба даргоҳ хост. Сипоҳи Модигон пиндошт, ки акнун аз Ардашер бебим ҳастем. Чун ки ӯ ба сутуҳӣ боз ба Порс шуд.
IX
Дар шабохун кардани ӯ бар сари курдон ва сутуҳидани эшон
Ардашер чаҳор ҳазор мардро ороста бар эшон битохт ва шабохун карду аз курдон ҳазор мардро бикушт. Дигаронро захмӣ ва дастгир кард ва аз курдоншоҳ бо писарону бародарон ва фарзандон басе ганҷу дороӣ ба Порс фиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор