Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Китоби ҳозир, ки бо камоли ихлосу муҳаббат ба зевари табъ ороста гардид, табиист, ки аз нуқсону камбудиҳо эмин нест. Умедворем, ки муҳаққиқону хонандагон бо ҳусни иродат ин китоби барои мо азизро мутолиа хоҳанд кард ва дар ислоҳ дастгириву маслиҳати хешро дареғ нахоҳанд дошт.
Назри Яздонӣ
Пешгуфтор
Адабиёти паҳлавии китобӣ умдатарин бахши осори форсии миёна маҳсуб мегардад. Ин осор шомили рисолаҳову матнҳои бузургу кӯчак буда, дар онҳо матолиби гуногуни диниву фалсафӣ, ҳуқуқиву ахлоқӣ, таърихиву адабӣ ва мавзӯоти ҷудогона дар мавриди заминшиносиву кайҳоншиносӣ, ҳандасаву тиб, ҷонваршиносиву гиёҳшиносӣ ва дигар мазмунҳои марбут ба фарҳангу адаб ва суннатҳои Эрони аҳди Сосониён ва даврони бостон баён гардидааст. Дар осори паҳлавӣ бештар мазомини таърихиву асотирӣ, ки дар онҳо аз гузаштаҳои дури зиндагии мардумони эронӣ нақл меравад, гирдоварӣ шудааст. Аз ин рӯ навиштаҳои паҳлавӣ дар ин боб ягона манбаъ дониста мешаванд. Бештари рисолаҳову матнҳои паҳлавӣ дар даврони Сосониён ва иддаи дигар пас аз замони Сосониён дар қарнҳои аввали ислом таълиф гардидаанд. Қобил ба ёдоварист, ки чанде аз китобҳои бузург ва арзишманд, аз қабили «Динкард», «Бундаҳишн», «Додистон-и дениг», «Шиканд гумониг-визор», ки шомили бисёр матолиби ҷолибанд, дар асри IX-и м. навишта шудаанд. Бинобар он танзими осор пас аз мансух гардидани забони форсии миёна ва қатъ гардидани суннати навиштории паҳлавӣ низ аз ҷониби донандагони хат ва забони форсии миёна замоне чанд идома кардааст. Ин нуктаро низ бояд тазаккур дод, ки дар ин давра ба хотири наҷоти чунин як осори бузург дабиронро лозим буд, то бархе аз рисолаҳоро ихтисор намуда, матолиби дилхоҳашонро дар нусхаҳои нав рӯйнавис кунанд. Дар натиҷаи чунин бархурд бахшҳо ва пораҳову бандҳои ҷудогонаи чанде аз китобҳои паҳлавӣ аз байн рафтаанд. Бо иллати кутоҳ сохтани оғози матнҳо ва ё ба тамом аз байн рафтани онҳо бисёр матолиби муқаддамотӣ, ки муҳтавои китобро дарҷ менамоянд, норавшан ва печида мемонад. Чунин костагиҳо дар бархе аз рисолаҳову матнҳо мушоҳида мешавад.
Осори паҳлавӣ ҳанӯз аз нимаи дувуми асри XVIII мавриди таваҷҷуҳи донишмандони Ғарб қарор гирифта буд, ки нахустин бунёдгузор дар ин роҳ Анкетил Дюперрон дониста мешавад. Вай якҷо бо китоби Авесто, матни Бундаҳишн ва чанд намунаи дигарро аз осори паҳлавӣ тарҷума намуда ва онро соли 1771 дар Порис дар ду ҷилд нашр кардааст [А.Duperron 1771]. А.Дюперрон ҳам дар тарҷумаи Авесто ва ҳам матнҳои паҳлавӣ, аз ҷумла Бундаҳишн (с. 343-432-и китоби А.Дюперрон) таҳти таъсири дастурони зардуштии Ҳинд қарор дорад. Вай вожаҳои паҳлавиро низ тибқи усули хониши дастурону мубадони зардуштӣ овонавишт кардааст. Ногуфта намонад, ки А.Дюперрон тарҷумаи Авесторо на аз рӯи матни асл ва ё матни холис, балки дар асоси тарҷумаҳои паҳлавӣ (Занд) ва ташреҳу тафсилоти шифоҳии ин дастурон анҷом додааст. Бинобар он кори А.Дюперронро метавон ҳамчун такрор ва идомаи усули хониш ва ташреҳи суннатии дастурони зардуштии Ҳинд маънӣ кард.

пешина
аз 314
навбатӣ