Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин абохтарон ҳангоме ки бад-ин оин дар сипеҳр тохтанд, бо ахтарон ба набард истоданд: Меҳру Моҳи торик бо Хуршеду Моҳ (ки) шаҳриёри равшанонанд, Ҳурмазд бо Ҳафтавранг (ки) сипоҳбади Шимол аст, Аноҳид бо Садвис (ки) сипоҳбади Нимрӯз аст, Баҳром бо Вананд (ки) сипоҳбади Ховарон аст ва Тир бо Тиштр (ки) сипоҳбади Хуросон аст, Кайвон бо Мехи миёни Осмон (ки) сипоҳбадон сипоҳбад аст.
Дар Осмон, (ба) ҳамон гуна, аз абохтарон, Тир Хуросон сипоҳбад, Баҳром Ховарон сипоҳбад, Аноҳид Нимрӯз сипоҳбад, Ҳурмазд абохтар сипоҳбад, Кайвон сипоҳбадон сипоҳбад ва Меҳру Моҳи торик шаҳриёри торикон шуданд. Гузаҳр миёни Осмон ба монанди морон биистод, сар ба дустпайкару дунб ба Нимасб чунонки миёни сару дунб (ба) ҳар гоҳ шаш ахтар буд.
Ӯро тохтан аз пас аст. Ҳар даҳ соле он ҷо, ки сар аст дунб ва он ҷо, ки дунб аст боз сар бувад. Мушпарии дунбдори пардорро (чун) ҷаст, Хуршед ба гардунаи хеш баст, ки то ӯро тавони гуноҳ кардан набошад. Чун ҳарза шавад, то боз ба мадди назари Хуршед ояду баста шавад, бас бадӣ дар ҷаҳон кунад.
Аз ин абохтарон Меҳри торику Мушпарӣ ба ҳампаймонагӣ (дар) зери Хуршед, дар (даврони) омезагӣ, ба гардунаи Хуршед ва Моҳи торик ба гардунаи Моҳ баста шудаанд. Дигарон (низ) ба ҳамон гардунаи Хуршед, ба дарозиву кӯтоҳӣ баста шудаанд ва эшонро аз он ҳад беш доштан натавон ки Кайвон Ҳурмазду Баҳром ҳар як (ба) яксаду ҳаштод дараҷа аз Меҳр, Тир ба як ҳазору ҳаштсад (дараҷа)ву панҷоҳ дақиқа, Аноҳид ба ду ҳазору ҳаштсаду сӣ (дараҷа)ву як дақиқа аз Меҳр баста шудаанд.
Ин абохтарон дар сипеҳр ба дувоздаҳ кадаи ахтаронанд, ки ҳар як кадаеро патёрае аст (ки) болисту нишеби (эшон) марзи суду зиён3 ва шодиву дард аст ва дигар бас оин (ки ба) ҷойгоҳи хеш пайдо оварда шавад. Ҳамаи низоми4 замонро ки марбут ба ахтарон аст, чунон (ки ба) чашмдид пайдост, биошӯбанд: фарозро фурӯд оваранд, костаро афзун кунанду ҳаракати эшон низ на чун ахтарон аст, зеро бошад, ки тез бошад, ки кунад, бошад, ки бозпас раванда, бошад, ки истоаанд, эшонро абохтарон номидан аз он аст, ки на ахтаранд5. Ин равшанӣ, ки аз эшон пайдост, ҳамон равшании Ҳурмаздист; равшанӣ дар чашми храфастрон чун он кеҳтарон6 аст, ки ҷомаи дебо7 пӯшанд.
Аз он судмандӣ яке ин аст, ки ба сабаби пӯшидани он равшанӣ, гуноҳ кардан кам тавонанд; яке ин аст, ки мардум (чун эшонро бибинанд, аз эшон натарсанд.
Ҳамонанди ин абохтарон8 Тир Шиҳоб9 аст, зеро эшон деванд, пириву бадӣ кирдор; чун дар сипеҳр тозанд, он равшании дар сипеҳр ҷунбида шаваду ошкор гардад. Дар «Дин» гӯяд, ки агар касе он Дуруҷро бибинад, биниши чашми (ӯ) биравад.

пешина
аз 314
навбатӣ