Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
XIII
Дар куштани Ардашер Меҳраки Нӯшзодонро ва машвара бо Бурзу
Бурзодур ва куштани ӯ Кирми Ҳафтубодро
Ардашер аз он ҷой боз ба Ардашерхвара омад ва бо Меҳраки Анӯшакзодон корзор карду Меҳракро бикушт ва шаҳру ҷову ганҷу дороӣ ҳама аз хеш кард. Пас барои бо Кирм корзор кардан кас фиристод. Бурзу Бурзодурро ба пеш хост ва ба эшон машвара кард. Бас дираму динор ва пушок бо худ гирифт ва хештан бо ҷомаи хуросонӣ ороста дошту бо Бурзу Бурзодур ба наздики дизи Кулор омад ва гуфт, ки ман марде хуросониам ва аз ин шоҳи пирӯзманд иҷоза мехоҳам, ки ба даргоҳи ӯ ба парастиш биоям.
Бутпарастон Ардашерро бо он ду мард пазируфта, ба хонаи Кирм ҷой карданд.
Бад-ин оин Ардашер се рӯз парастишу фармонбардории Кирм ба ҷой овард ва он дираму динору ҷомаро ба парас-тандагони ӯ дод. Чунон кард, ки ҳар ки дар он диз буд, аҷаб дошту офаринаш кард. Пас Ардашер гуфт, ки беҳтар бувад, то Кирмро се рӯз аз дасти худ хӯрок диҳам. Парастандагону хидматгорон пазируфтанд. Ардашер кас фиристод ва сипоҳе аз чаҳорсад марди ҳунарманду ҷонсупор ба даври он ҷой ва ба кӯҳу ҷойҳои шикофта фармуд, то пинҳон кунанд. Ҳамчунин фармуд, ки рӯзи осмон (27-уми моҳ) чун аз дизи Кирм дуд бинед, чобукиву ҳунармандӣ ба кор баред ва ба буни диз биёед. Худ он рӯз миси гудохта дошт. Бурзу Бурзодур парастишу ситоиши Яздон карданд. Ҳангоми хӯриш шуд, Кирм чун ҳар рӯза бонг кард. Ардашер пеш аз он бутпарастону хидматгоронро ба чошт масту бехуд карда буд ва худ бо чокарони хеш ба пеши Кирм шуд ва он хуни гову гӯсфанд, ки ҳар рӯз медоданд, пеши Кирм бурд ва чун Кирм даҳон боз дошт, то хун бихӯрад, Ардашер миси гудохта ба даҳони Кирм фурӯ рехт. Чун мис ба тани Кирм расид, ба ду бишкофт. Аз ӯ чунон бонг баромад, ки мардумони диз ҳама он ҷо омаданд ва дар диз ошӯб афтод. Ардашер даст ба сипару шамшер зад ва дар он диз задану куштори гарон кард. Фармуд, ки оташ кунед, то дуд ба он саворон падидор шавад. Чокарон чунин карданд. Савороне, ки дар кӯҳ буданд, чун дуд дар диз диданд, ба буни диз битохтанд ва ба ёрии Ардашер омаданд. Ба дари диз расиданду бонг карданд, ки пирӯз бод Ардашери шоҳаншоҳи Бобакон, ки шамшер ба кор бурдааст. Мардумони диз ҳар чӣ буданд, кушта шуданд ва ё ҳангоми шитобу корзор аз диз партофта шуданд ва дигарон зинҳор хоста ба бандагиву фармонбардорӣ омаданд.
Ардашер фармуд, то дизро кананд ва вайрон кунанд. Ӯ он ҷо рустое, ки Кулорон хонанд, бунёд кард ва оташи Варахрон дар он ҷой биншонд ва ганҷу дороиву зару сим аз он диз ба ҳазор уштур бор кард ва ба Дубор фиристод. Бурзу Бурзодурро баҳраву подоши бузург ба оини садоқат бахшид ва дар он ҷо рустоеро низ ба фармонравоии онон дод. Пас аз он ки Ардашер Кирмро кушг, боз ба Гур омад ва сипоҳу ғунд ба Кирмон ба корзори боризон фиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор