Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

XII
Дар огоҳ шудани Ардашер аз кори Кирм ва чора намудани ӯ Кирмро
Ардашер чун бад-ин оин дид, сипоҳ аз он ҷой биканду бирафт. Сипоҳи Кирм аз паси Ардашер шитофт ва дар тангҷое бар эшон чунон кард, ки сипоҳи Ардашер гузаштан натавонист ва Ардашер худ танҳо ба канори дарё шуд.
Чунин гӯянд, ки фарри каён, ки дур буд, андар замон пеши Ардашер истод ва андак-андак мерафт, то он ки Ардашер аз он ҷои бадгузар аз дасти душманон бегазанд берун омада, ба деҳе, ки Монд хонанд, расид. Шаб ба хонаи ду бародар, ки якеро Бурзу якеро Бурзодур ном буд, омад ва ба онон гуфт, ки ман аз саворони Ардашерам, ки аз корзори Кирм ба сутӯҳ омадаам. Имрӯз паноҳгоҳ бифармоедам додан, то аз сипоҳи Ардашер огоҳӣ ояд, ки ба кадом сарзамин афтодаанд. Эшон бо басе ошуфтагӣ ба Ардашер гуфтанд, ки нафрин бод ба рӯҳи бадкирдори бедин, ки ин бутпарастро чунин чираву тавоно кард, ки ҳама мардуми атрофро аз дини Ҳурмузду амаҳраспандон гумроҳ кард ва подшоҳе бузург, марде чун Ардашерро низ бо сипоҳаш аз дасти он душманони дурӯғманиш – бутпарастон сар ба сутӯҳӣ овард.
Онон аспи Ардашерро гирифтанд, ба сарой бурданд ва ба охур бастанд, некӯ ҷаву коҳу юнҷа доданд ва Ардашерро ба нишастгоҳу ҷои писандида бурда нишонданд. Ардашер бас андӯҳгин буд ва пайваста меандешид. Онҳо дуо карданд, аз Ардашер хостанд, ки дуо куну хӯриш бихӯр ва андӯҳу тимор мадор, чун ки Ҳурмузду амаҳраспандон чораи ин чиз бихоҳанд ва ин балоро чунин нагузоранд. Чун ки аз ситамгарии Заҳҳоку Афросиёби Тур ва Искандари Румӣ низ Яздон хуш набуд ва эшонро аз шӯҳрати фарри хеш чунон нобинову нопойдор кард, ки ҷаҳон ошност. Ардашерро ба он сухан пиндор хуш шуд, дуо карду хӯриш хӯрд. Эшонро май набуд, обҷав пеш оварданд ва ситоиши додаи офаридагор карданд. Ардашер ба некиву диндӯс-тӣ ва ягонагиву фармонбардории онон бегумон шуд ва рози хеш ба Бурзу Бурзодур ошкор сохт ва гуфт, ки ман худ Ардашерам. Акнун бубинед, ки чораи ин Кирм ва ёрони ӯ чӣ гуна бояд хост? Эшон дар посух гуфтанд, ки агар моро тану ҷон ва ганҷу дороиву зану фарзанд ба ёди шумо – шоҳони Эроншаҳр супурдан бояд, биспорем. Мо медонем, ки чораи ин бадзод чунин бояд хост, ки ту худро чун марди бетона ороста кунӣ ва ба гузари буни диз хештан ба бандагиву парастиши ӯ супорӣ ва ду марди шогирди диногоҳро низ ба он ҷой бибарӣ ва пинҳонӣ парастишу ситоиши Яздону амаҳраспандон ба ҷой орӣ. Чун ҳангоми хӯрок хӯрдани он Кирм шуд, чунон кунӣ, ки он миси гудохта, ки бо худ дорӣ ба даҳони он бадкирдор бирезӣ, то бимирад. Он рӯҳи бадро бо парастишу ситоиши Яздон шояд куштан. Ардашер он сухан писандиду некӯ дошт ва ба Бурзу Бурзодур гуфт, ки ман ин кор бо ёрии шумо тавонам кардан. Онҳо гуфтанд, ки ҳар кор, ки шумо фармоед, тану ҷон супорем.

пешина
аз 314
навбатӣ