Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

XVII
Дар нахчир шудани Шопур ва дидани духтари Меҳраки
Анӯшакзодон ва ӯро ба занӣ гирифтани вай
Сарнавишт ва гардиши замонро рӯзе Шопури Ардашерон ба он сарзамин омад ва ба нахчир шуд. Аз паси нахчир бо нуҳ савор ба деҳе омад, ки он духтар он ҷо буд. Сарнавиштро духтар ба сари чоҳ буду об мекашонд ва чаҳорпоёнро об медод. Барзгар ба коре рафта буд. Духтар чун Шопуру саворонро дид, аз ҷой бархост ва саҷда бурду гуфт, ки хуш омадед! Дуруд бод! Бифармоед, биншинед! Чӣ ҷое хубу сояи дарахтон хунук ва ҳаво гарм. То ман об кашам, худ ва сутурон об хӯред. Шопур, ки аз хастагиву гуруснагиву ташнагӣ дар хашм буд, ба духтар гуфт, ки эй фоҳишаи нопок, маро оби ту ба кор нест. Духтар озурда шуду ба гӯшае биншаст. Шопур ба саворон гуфт, ки сатил ба чоҳ афканеду об гиред, то дуо кунем ва сутуронро об диҳед. Саворон чунин карданд, сатил ба чоҳ афканданд. Аз бузургии сатил, ки аз об пур шуд, боло кашида натавонистанд. Духтар аз гӯшае пайваста нигоҳ мекард. Чун Шопур дид, ки саворон сатилро аз чоҳ боло кашида натавонистанд, дар хашм шуд ва ба сари чоҳ рафту саворонро дашном доду гуфт, ки шуморо шарму нанг бод, ки аз зане нотавонтару беҳунартаред! Ӯ банд аз дасти саворон ситонд ва бо зӯр ба банд сатил аз чоҳ боло кашид. Ба зӯру ҳунару нерӯи Шопур духтар тааҷҷуб кард.
Чун духтар дид, ки вай ба зӯру ҳунару нерӯи хеш сатил аз чоҳ боло кашид, шитобон ба пеши Шопур омад, ба рӯй афтод ва офарин карду гуфт, ки ҷовидон бодо, Шопури Ардашерон, беҳ-тарини мардон! Шопур бихандиду гуфт, ки ту чӣ гуна донистӣ, ки ман Шопурам? Духтар гуфт, ки ман аз бисёр кас шунидаам, ки дар Эроншаҳр саворе нест ба зӯру нерӯ ва танумандиву шукӯҳ ва диданиву чобукӣ чун ту – Шопури Ардашерон. Шопур ба духтар гуфт, ки рост бигӯӣ, ки ту аз фарзандони кӣ ҳастй? Вай гуфт, ки ман духтари ин барзгарам, ки дар ин деҳ мезиста.
Шопур гуфт, ки рост нагӯӣ, чун ки духтари барзгаронро ин ҳунару нерӯ ва диданиву накӯие, ки турост набувад. Акнун то рост нагӯӣ, ҳамдостон набошем. Духтар гуфт, ки агар ба тану ҷонам зиён макунӣ, рост бигӯям.
Шопур гуфт, ки зинҳор матарс! Духтар гуфт, ки ман духтари Меҳраки Анӯшакзодонам ва аз бими Ардашер ба ин ҷой овардандам. Аз ҳафт фарзанди Меҳрак ҷуз ман кас намондааст.
Шопур барзгарро ба пеш хонд ва духтарро ба занӣ пазируфт ва ҳамон шаб бо вай буд.
XVIII
Дар зода шудани Ҳурмузди Шопурон аз духтари Меҳрак ва огоҳ шудани Ардашер аз он
Сарнавиштро ҳамон шаб дар Ҳурмузди Шопурон обистан шуд. Шопур духтарро дӯст ва гиромӣ дошт. Ва ӯ Ҳурмузди Шопуронро бизод. Шопур Ҳурмуздро то синни ҳафтсолагӣ аз падар ниҳон дошт.

пешина
аз 314
навбатӣ