Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзе Ҳурмузд бо писарони дарбориёни Ардашер ба майдони аспдавонӣ омад ва чавгонбозӣ кард. Ардашер бо мӯбади мӯбадону артишдорон солор ва басе озодагону бузургон он ҷо нишаста, бо эшон якҷо тамошо мекард. Ҳурмузд аз ҳама он ҷавонон дар аспдавонӣ чираву далер буд. Чунин шуд, ки яке аз ҷавонон чавгон ба гӯй зад ва гӯй ба канори Ардашер афтод. Ардашер чизе гӯё пай набурд. Ҷавонон хомӯш монданд ва аз шукӯҳи Ардашер касе ёрои ба пеш рафтан накард. Ҳурмузд бо як ҷасорат рафту гӯй бигирифт ва далерона онро зад ва бонг кард. Ардашер пурсид, ки ин писар кист? Эшон гуфтанд, ки ҷовидон бодо! Мо ин писарро надонем. Ардашер кас фиристод ва Ҳурмуздро ба пеш хосту гуфт, ки ту писари кӣ ҳастй? Ҳурмузд гуфт, ки ман писари Шопурам. Ӯ андар замон кас фиристод ва Шопурро хосту гуфт, ки ин писари кист? Шопур зинҳор хост. Ардашер бихандид ва ба Шопур раҳм кард. Шопур гуфт, ки ҷовидон бодо! Ин писари ман аст ва ман дар ин чанд сол аз Шумо пинҳон доштам. Ардашер гуфт, ки эй нодон, чаро ҳафт сол чунин фарзанди некӯ ба ниҳон доштӣ? Ҳурмуздро гиромӣ дошт ва басе ҳадяву либос ба вай дод ва сипоси Яздон ба ҷой овард. Ӯ гуфт, ки ин ҳамоно он аст, ки кеди ҳинду гуфта буд.
Пас аз он ки Ҳурмузд ба подшоҳӣ расид, ҳамоно Эроншаҳрро боз ба шоҳии ягона тавонист овардан.
Ҳурмузд фармонравоёни атрофро ба фармонбардории хеш овард. Аз Руму Ҳинд суду боҷ хост ва Эроншаҳрро ороста-тару пиростатар ва нерӯмандтару номитар кард. Қайсари Руму шоҳи Кобулу Ҳинд ва хоқони турку шаҳриёрони атроф ба дурудҳои ширин ба дарбор омаданд. Бифарҷомид ба дуруду шодӣ ва ромиш. Ҷовидон бодо, Ардашери шоҳаншоҳи Бобакон ва Шопури шоҳаншоҳи Ардашерону Ҳурмузди шоҳаншоҳи Шопурон! Эдун бод, эдунтар бод!
Ҷовидон бод, Рустами Миҳробон, ки ин нусха навишта буд! Эдун бод!
Ба соли 1054 аз шоҳ Яздигурд. Хуб фарҷом бод! Эдун бод! Замима. Ва пас бар тахти Ардавон нишасту дод орост ва меҳтарону кеҳони сипоҳу мӯбади мӯбадонро ба пеши тахт хост ва фармуд, ки ман дар ин подшоҳии бузург, ки Яздон ба ман дода, некӣ кунаму дод варзам ва дини беҳи пок(ро) биороям ва ҷаҳониён(ро) чун фарзандон бипарварам. Ва сипоси офаридагори тавонову афзунандаву нигаҳбон, ки ҳама офариниш бидод ва солории ҳафт кишвар ба ман супурд ва чунон ки сазад, арзонӣ кард.
Ва шумо, ки хушнудед ва ба ман некиву бегумонӣ хоҳед, ман низ ба шумо некӣ хоҳам ва дар дод кушам, ки сову боҷ аз даҳ як аз шумо гирам. Ва аз он дорой сипоҳ ороям, то посдории ҷаҳониён кунад. Ва аз сад дирам шаш дирам аз ҳама гуна равғанҳо (гирам). Бад-ин гуна доду адл кунам ва хариду фурӯхт, ки бозоргони(ст), накунам. Ва аз Яздон сипосгузорам, ки маро ин шаҳриёрӣ бидод. Ва кирдори нек кунаму аз пиндори баду гуфтори баду кирдори бад беш бипарҳезам, то ба оромиш шоду порсо ва пирӯзгару комраво бошам.

пешина
аз 314
навбатӣ