Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Бузургмеҳр гуфт, ки аз шоҳони ин ҳазора Ардашер корозмудатару донотар буд ва нев-ардашер ин (бозии) ҷуфт ба номи Ардашер ниҳам. Тахтаи нев-ардашер ба Спандармад-замин монанд кунам. Ва сӣ мӯҳра ба сӣ рӯзу шаб монанд кунам. Понздаҳи сафед ба рӯз монанд кунам ва понздаҳи сиёҳ ба шаб монанд кунам. Гардонаро ба гардиши ахтарон ва гардиши сипеҳр монанд кунам. Якро ба гардона чунон монанд кунам, ки Ҳурмузд яктост (ва) ҳар некиро ӯ додааст. Ду чунон монанд кунам, ки чун менуву гетӣ. Се чунон монанд кунам, ки ҳумату ҳухту ҳваршт (пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек). Чаҳор чунон монанд кунам, ки чун чаҳор омезиш, ки мардум аз онанд. Ва чаҳор сӯи гетӣ: Хуросону Хурбарон ва Нимрӯзу Бохтар (Машриқ, Мағриб, Ҷануб ва Шимол). Панҷ чунон монанд кунам, ки чун панҷ рӯшноӣ, чун хуршеду моҳ ва ситораву оташ ва рӯшноие, ки аз осмон ояд. Шаш чунон монанд кунам, ки чун додани бунёд ба шаш гоҳонбор. Ниҳоди нев-ардашер бар тахта чунон монанд кунам, ки чун Ҳурмузд Худоӣ, ки офариниш ба гетӣ дод. Гардиши мӯҳра ба гардуна чунон монанд (кунам) чун мардумони гетӣ, ки банд (ононро) ба менуён пайвастааст. Ба Ҳафту Дувоздаҳ (сайёра ва ахтарон) ҳаме гарданд (ва) бархезанд ва ҳаст, ки яке бо дигар зананд ва барчинанд, чунон ки мардумон дар гетӣ яке бо дигаре зананд. Ва чун ба гардона ин гардиш ҳаме барчинанд, рамзи мардумест, ки аз гетӣ гузарон буванд. Ва чун ду низ ниҳанд, рамзи мардумонест, ки ба растохез боз ҳаме зинда буванд.
Шоҳаншоҳ чун он сухан бишнид, шод шуд ва фармуд, то ҳазору дусад аспи тозии ҳаммуй, лагом бо зару марворид ва ҳазору дусад марди ҷавони баргузида аз Эроншаҳр, ҳазору дусад зину афзори ҳафтқат ва ҳазору дусад шамшери пӯлодини оростаи ҳиндӣ, ҳазору дусад камарбанди ҳафтчашмак ва дигар ҳар чӣ барои ҳазору дусад марду асп бояд (ва) ҳар чӣ шоистатар (буд), ороста кард. Бузурмеҳри Бухтагонро бар эшон сардор кард ва рӯзгори баргузида ба офариниши нек ва ёрии Яздон ба Ҳинд фиристод.
Девсарм шаҳриёри бузург – шоҳи Ҳинд чун бад-ин оин дид, аз Бузургмеҳри Бухтагон чиҳил рӯз замон хост. Ҳеҷ кас
набуд аз доноёни Ҳинд, ки рамзи он нев-ардашер донад. Бузургмеҳр дубора ҳам чандон суду боҷ аз Девсарм ситонд ва пас бо ҳадяи хубу шукӯҳи бузург ба Эроншаҳр боз омад.
Гузориши рамзи шатраиҷ ин ки (он) чӣ ба сухан, чунон ки доноён низ гуфтаанд, пирӯзӣ аз он бесилоҳи хирадманд ба хирад баранд, муҳим (бояд) донист.
Баргузиниши шатранҷ ин ки нигариш ва кӯшиш дар нигоҳ доштани афзори хеш беш кӯшидан то ба бурда тавонистани нерӯи дигаре. Ва ба умеди нерӯи дигареро ба кор (бурд) ва дигареро ба посдорӣ гузошт. Ва (барои) мушоҳида ва андешаи ҳамешагӣ ва дигар он чунон ки дар ин нома ба дурустӣ навишта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор