Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Фарҷом пазируфт ба дуруду шодиву ромиш.
МОҲИ ФАРВАРДИН, РӮЗИ ХУРДОД1
Ба номи додори Ҳурмузд 1. Ашу Зартушт аз Ҳурмузд пурсид, ки барои чӣ мардумон моҳи фарвардин, рӯзи хурдодро аз дигар рӯзҳо бузургтар, беҳтар ва гиромитар медоранд.
2. Ҳурмузд посух дод, ки (эй) Зартушти Испитемон, (дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод, ҷони ҷаҳониёнро офаридам.
3. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод эр ва низ анерро бун пайдо буд.
4. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Каюмарс андар ҷаҳон ба пайдой омад.
5. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи Арзурро кушт. 6. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод меҳрӣ ва меҳриёнӣ аз замин фароз растанд.
7. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Хушанги Пешдодӣ андар ҷаҳон ба пайдоӣ омад.
8. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Таҳмурас Аҳримани Дарвандро ба бора карда (барои) сӣ сол.
9. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Ҷам ҷаҳонро бемарг кард, пирӣ нопазир кард.
10. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Ҷам паймонаеро, ки аз дӯзах оварда буд, андар ҷаҳон ба пайдоӣ омад.
11. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Ҷам истивдонҳо канд (ва) ба мардумон фармуд кандан чун онон фармуда Ҷамро диданд, рӯз ба наврӯз карданд ва наврӯз ном ниҳоданд.
12. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Фаридун бахшиши ҷаҳон кард.
13. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Румро ба Салм дод ва Туркистонро ба Туз (Тур) дод (ва) Эроншаҳрро ба Эраҷ дод.
14. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод ва се духтари бухт – Хусравшоҳ тозиёнро бихост ва ба зании писарон дод.
15. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Салм ва Туз (Тур) нисбат ба падар нофармонбардор шуданд ва Эраҷ - бародари хешро бикуштанд.
16. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Манучеҳр бар кини Эраҷ берун омад (хуруҷ кард) ва Салму Туз (Тур)-ро ба кини Эраҷ бикушт.
17. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Соми Наримонон Сановезакдевро бикушт.
18. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Соми Наримон он аждаҳокро бикушт.
19. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Каюмарс Арзури Аҳриманзодаро бикушт.
20. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Кайхусрави Сиёвушон Афросиёби Тӯрониро ба кини падари хеш бикушт.
21. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Кайхусрави Сиёвушон бо шукӯҳ ба гирудмон шуд.
22. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Манучеҳр ва Ораши шевотир (сар) замин аз Афросиёби Туронӣ бозситаданд.
23. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Кайхусрави Сиёвушон подшоиро ба Лӯҳросб бисупорд (ва) худ ба перӯзгарӣ ба гирудмон шуд.
24. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Зартушти Испитемон ба биниш ва ҳампарсагии Ҳурмуздхудой расид.
25. (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Зартушти Испитемон дини маздиснонро аз Ҳурмузд худой пазируфт.

пешина
аз 314
навбатӣ