Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  1. Мардуми Бобул, саросари сарзамини Сумер ва Аккад ва ҳамаи фармонравоёни маҳаллӣ фармони Курушро пазируфтанд. Аз подшоҳии ӯ шодмон шуданд ва бо чеҳраҳои дурахшон ӯро бӯсиданд.
  2. Мардум суруреро шодбош гуфтанд, ки ба ёрии ӯ аз чанголи маргу ғам раҳоӣ ёфтанд ва ба зиндагӣ бозгаштанд. Ҳамаи эзадон ӯро сутуданд ва номашро гиромӣ доштанд.
    II
  3. Манам Куруш,6 шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи тавонманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад, шоҳи чаҳор гӯшаи ҷаҳон.
  4. Писари Камбуҷия – шоҳи бузург, шоҳи Аншон, набераи Куруш (Куруши якум), шоҳи бузург, шоҳи Аншон, набераи Чишпиш, шоҳи бузург, шоҳи Аншон.
  5. Дудмоне, ки ҳамеша шоҳ будаанд ва фармонра-воияшро Бил7 ва Набу8 гиромӣ медоранд ва хурсандии қалби
    подшоҳии ӯро хоҳонанд. Он гоҳ, ки бидуни ҷангу пайкор9 вориди Бобул шудам.
  6. Ҳамаи мардум гомҳои маро бо шодмонӣ пазируфтанд.10 Дар боргоҳи подшоҳони Бобул бар тахти шаҳриёрӣ нишастам. Мардук дилҳои поки мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро арҷманд ва гиромӣ доштам.
  7. Артиши бузурги ман ба сулҳу оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд.
  8. Вазъи дохилии Бобул ва ҷойгоҳи муқаддасаш қалби маро такон дод. Ман барои сулҳ кӯшидам. Набунаид мардуми дармондаи Бобулро ба бузургӣ кашида буд, коре, ки дархури шони онон набуд.
  9. Ман бардадориро барандохтам. Ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. Мардук аз кирдори неки ман хушнуд шуд.
  10. Ӯ бар ман, Куруш, ки ситоишгари Ӯ ҳастам, бар писари ман Камбуҷия ва ҳамчунин бар ҳамаи сипоҳиёни ман
  11. баракату меҳрубониҳояшро арзонӣ дошт. Мо ҳамагӣ шодмона ва дар сулҳу оштӣ мақоми баландашро сутудем. Ба фармони Мардук ҳамаи шоҳоне, ки барои авранги подшоҳӣ нишастаанд;
  12. ва ҳамаи подшоҳони сарзаминҳои ҷаҳон, аз «дарёи боло» то «дарёи поин» (дарёи Мадитарона то халиҷи Форс), ҳамаи мардуми сарзаминҳои дурдаст, ҳамаи подшоҳон «омурӣ», ҳамаи чодарнишинон,
  13. маро хироҷ гузориданд ва дар Бобул бар ман бӯса заданд. Аз... то Ошур11 ва Шуш.
  14. Ман шаҳрҳои Агадиҳ, Ишнуна, Замбон, Митурну, Дир, сарзамини Гутён ва шаҳрҳои куҳани он сӯи Даҷларо, ки вайрон шуда буд, аз нав сохтам.
  15. Фармон додам тамоми ниёишгоҳҳоеро, ки баста шуда буд, бикшоянд. Ҳамаи худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳои худ бозгардондам.12 Ҳамаи мардумонеро, ки пароканда ва овора буданд, ба ҷойгоҳҳои худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам. Ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам.
пешина
аз 314
навбатӣ