Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Ҳамчунин, пайкараи Худоёни Сумер ва Аккадро, ки Набунаид бидуни воҳима аз Худои бузург ба Бобул оварда буд; ба хушнудии Мардук, ба шодӣ ва хуррамӣ,
- ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам,13 бишавад, ки дилҳо шод гардад. Бишавад, Худоёне, ки ононро ба ҷойгоҳҳои муқаддаси нахустинашон бозгардондам,
- ҳар рӯз дар пешгоҳи Худои бузург бароям хостори зиндагонии баланд бошанд. Бишавад, ки суханони пурбаракат ва некхоҳона бароям биёбанд. Бишавад, ки онон ба Худои ман Мардук бигӯянд:
«Ба Курушшоҳ, подшоҳе, ки туро гиромӣ медорад ва писараш Камбуҷия ҷойгоҳе дар сарои сипанд14 арзонӣ дор». - Бегумон дар рӯзҳои созандагӣ ҳамагӣ, мардуми Бобул, подшоҳро гиромӣ доштанд ва ман барои ҳамаи мардум ҷомеае ором фароҳам сохтам (сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам).
- ...ғоз, ду ӯрдак, даҳ кабӯтар. Барои ғозҳо, ӯрдакҳо ва кабӯтарон...
- ...бо рӯи бузург шаҳри Бобул ба номи Эмагур - Инилилро устувор гардонидам...
- Девори оҷурии хандақи шаҳрро, 40. ...ки ҳеҷ як аз шоҳони пешин бо бардагони ба бекорӣ гирифташуда ба поён нарасонида буданд,
- ...ба анҷом расонидам. 42. Дарвозаҳои бузург барои онҳо гузоштам бо дарҳое аз чӯби «сидар» ва рӯкаше аз муфаррағ.
- ...катибае аз подшоҳе пеш аз ман ба номи Ошурбонипал.
- ... 45. ...барои ҳамеша!15 КАТИБАИ АРИЯРАМНА ДАР ҲАМАДОН1
§ 1. 1-3. Ариярамна2 – шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳ дар Порс3, писари шоҳ Чишпиш, набераи Ҳахоманиш.4
§ 2. 4-9. Шоҳ Ариярамна гӯяд: ин кишвари порс, ки ман дорам, ки [дорои] аспони хуб ва мардони хуб [аст], Худои бузург, Аҳурамаздо5 ба ман фармуд. Ба хости Аҳурамаздо ман шоҳи ин кишвар ҳастам.
§ 3. 9-11 Шоҳ Ариярамна гӯяд: Аҳурамаздо ба ман ёрӣ кунад.
КАТИБАИ АРШОМА ДАР ҲАМАДОН1
§ 1. 1-4. Аршома2 - шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳ дар Порс, писари шоҳ Ариярамна, ҳахоманишӣ.
§ 2. 5-14. Шоҳ Аршома гӯяд: Аҳурамаздо – Худои бузург, ки бузургтарини Худоён [аст], маро шоҳ кард. Ӯ кишвари Порсро, ки [дорои] мардуми хуб ва аспони хуб [аст], ба ман фармуд. Ба хости Аҳурамаздо ин кишварро дорам. Маро Аҳурамаздо бипоёд ва хонадони маро ва ин кишварро, ки дорам, ӯ бипоёд.
КАТИБАҲОИ КУРУШИ ДУВУМ1 - {Куруш шоҳи ҷаҳон аст, шоҳи бузург, шоҳи тавоно, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад...} шоҳи манотиқи ҷаҳон {...}
- {...} бузург, як нотавон2 барои фармонравоӣ бар Куруш гузошта шуд {...} ӯ фармон дод бадалҳоро ҷойгузини он кунанд3; ӯ фармон дод, ки бадали Исагиларо сохтанд {...} барои Ур ва дигар шаҳрҳои оинӣ, маносике, ки шоистаи онҳо набувад4 {...} ҳар рӯз бидуни шармандагӣ сӯҳбат мекард5 ва аз рӯи шарорат маросими маъмулии қурбониро мутаваққиф кард {...} ӯ мудом ба шаҳрҳои оинӣ {осеб} расонд; эҳтиром ба Мардук, шоҳи Худоёнро ба фаромӯшӣ афканд (?)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор