Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дорои шоҳ мегӯяд: ин аст диқҳое ки [зери дасти] ман омада; ба бузургии Аҳурамазда онҳо бандаи мананд. ба ман боҷ овардандӣ, хар чӣ-шон ки ман мегуфтам- ба шаб аст ай руз-он [иҷро] карда мешуд.
Дорои шоҳ мегуяд: дар ин диҳҳо мардеро ки арҷманд мебуд, бартар медоштам, [мардеро] олак буд уро ман ба пурсиши хуб мепурсидам. Ба бузургии Аҳурамаздо дар ин диҳҳо доди маро гиромӣ доштандӣ, ҳар чӣ аз [чониби] ман гуфта будӣ, он кардандӣ.
Дорои шоҳ мегӯяд: Аҳурамаздо ин шоҳиро ба ман дода. Аҳурамаздо ёрим дода то ман ин шоҳиро дорам. Ба бузургии Аҳурамаздо ин шоҳиро дорам.
Дорои шоҳ. мегӯяд: ин карда шуд аз ҷониби ман пасон - он замон ки ман шоҳ будам. Камбуҷия ном пури Куруш-аз тухми мо ин ҷо ӯ шоҳ будак. Ӯ Камбуҷияро биродаре бо номи Бардиа буда хаммодару ҳампидари Камбуҷия. Пасон Камбуҷия ӯ Бардиаро бикушт (куштак). Он замон ки Бардиаро бикушт, мардум огаҳӣ надошт(ак) ки Бардиа кушта гашта. Пасон Камбуҷиа ба Миср бишуд. Он замон ки Камбуҷиа Миср бишуд, мардум [бад] олак буда; пасон дурӯғ ба ҳама диҳҳо бад паҳн гашт ба Порсу ба Моду дигар диҳҳо.
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон як марде буд муғ ба ном Гаумата – ӯ аз Пайшийауводо аз Аракадриш ном куҳистоне аз ҳамон ҷо ошуб барпо кард (сар бар дошт). [Аз миён] 14- ум рузи моҳи Вийахна пур (сипарӣ) шуда буд ки ӯ сар бардошт. Ӯ мардумро чинин дурӯг гуфта: «Ман Бардиаам ки пури Куруш[аму] бародари Камбуҷиа». Пасон мардум ҳама аз Камбуҷиа рӯ битофт (паймон бо ӯ бишикаст); бо ӯ шуданд ба Порсу Моду ба дигар диҳҳо. Шоҳиро ӯ гирифта. Он замон ки шоҳӣ гирифта шуд, рӯзи 9-уми моҳи Гармапада пур (гузашта) буд. Камбуҷиа ба марги (ба дасти) худ бимурд.
Дорои шоҳ мегӯяд: ин шоҳӣ, ки Гауматаи муғ аз Камбуҷиа ба зурӣ ситад, аз аввалзамон они тухми (парвази) мо будак ки пасон Гауматаи муғаш аз Камбуҷиа биситад ва Порсу Мод дигар диҳҳо пиромуни ӯ омаданд, онҳоро ӯ моли хеш гардонд ва ӯ [худ] шоҳ буд.
Дорои шоҳ мегӯяд: набуд марде - на порс на мод - хич кас аз тухми мо ки ӯ Гауматаи муғро ронда-аз-шоҳӣ (маҳрум) бигардонад, мардум аз-иш бисер овон буд ки метарсид. Мардумеро бас ӯ кушта будак ки Бардиаро медонистанд. Аз ин рӯ мардумро мекушт ки «Биё то нашносандам ки ман Бардиа нестам пури Куруш». Касе хич наёриста чизе пиромуни Гауматаи муғ гуфтан то ман омадам. Пасон ман аз Аҳурамаздо ёрӣ хостам. Аҳурамаздом ёрӣ бидод. Аз моҳи Багайодиш 10 рӯз пур (гузашта) буд ки ман або андак мардон ӯ Гауматаи муғро бикуштам ва ӯ мардонашро ки пештар ёриш буданд. Дар Сикайауватиш ном дизе (беша) дар диҳи (кишвар) Нисои Мод - ҳамон ҷо ман куштамиш, ман аз-иш шоҳиро бистадам. Ба бузургии Аҳурамаздо ман шоҳ будам. Аҳурамаздо шоҳиро ба ман бидод.

пешина
аз 314
навбатӣ