Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Дорои шоҳ мегӯяд: шоҳиро ки аз тухмаи мо рабуда шуда буд, (онро) ман ба ҷои худ нишондам (айнан: ба ҷои худ нишонда кардам), ман айадонҳоро ки Гауматаи муг канда вайрон карда буд, ба ҷой барқарор кардам, чунонки як замоне буд. Ман ба мардум чарогоҳ, чорвошонро, хону монишонро ки Гауматаи муг аз-шон рабуда буд, баргардондам. Ман мардумро ба ҷову пошон бар гардонам - ҳам мардуми Порсу Моду ҳам дигар диҳҳоро. Чунонки як замоне буд, ҳамон тавр ман ҳар чӣ ки рабуда шуда буд, ба ҷойш баргардондам. Ба бузургии Аҳурамаздо ман ин кардам: ман ҳар чӣ дар кушидам то вис (хонадон) монро ба ҷой [-и аслиш] чунонки як замоне буд, бар гардонам.
Ман чунон даркушидам ба бузургии Аҳурамаздо – ки Гауматаи муғ виси (хонадони) моро натавонист бибарад. Дорои шоҳ мегӯяд: ман ин кардам пасон – он замон ки шоҳ будам.
Дорои шоҳ мегуяд: он замон ки ман Гауматаи муғро бикуштам, пасон Отрина ном марде пури Упадарма ба Хузистон (Элам) ошуб барпо кард ва чинин гуфт ба мардум: «Ман шоҳи Хузистонам». Пасон Хузистон ошубгар буд, або Отрина бишуд ва ӯ шоҳ буд ба Хузистон. Ва марде бобулӣ [аст], ба ном Надинтабайра (Надинту-Бел) пури Айнайра - ӯ ошуб ба Бобулистон барпо кард. Ба мардум чинин дуруғ гуфта: «Ман Набукудрачари (Небукудразар) пури Набунатаҳ (Набонид)-ам. Пасон мардуми Бобул хама або ӯ Надинтабайра бишуданд. Бобул ошубгар буд. Шоҳии Бобулро ӯ гирифт».
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман [гумоштам] фиристодам ба Хузистон. Ӯ Отрина баста оварда шуд ба пеши ман, ман бикуштамаш.
Дорои шоҳ мегуяд: пасон ман Бобул бишудам бар алайхи ӯ Надинтабайра ки хешро Набукудрачара хонда буд. Лашкари Набукудрачара [рӯди] Тигрро нигоҳ медошт. Он ҷо нишеман гузида буд (истода буд) чи [ӯ рӯд] касногузар буда. Пасон ман корро (лашкарро) [қисман] ба машкҳо афкандам (ҷой кардам), [бархеи] дигаришро ба шутурҳо суворӣ кардам (айнан: шутурсувор кардам), ба бархеи дигарашро ба асп овардам. Аҳурамаздом ёрӣ бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо Тигрро гузаштем, он ҷо ӯ коре (лашкар) ки аз Надинтабайра буд, ман бикуштам бисёр. Рузи 26-уми моҳи Отрийодиа гузашта буд ки мо ҷанг овардем (корзор кардем).
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман Бобул бишудам. Ба Бо-бул ҳануз наомада будам ки у Надинтабайраи [худро] Набукудрачара хонда биомад ба Зозона ном шаҳраке дар кинори рӯди Уфрат або кори (силох лашкар) муқобили ман то ба ман корзор кунад. Пасон мо корзор кардем. Ахурамаздо ёрӣ бидодам. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи Надинтабайраро ман бикуштам бисёр. Бархеи аз [сипоҳиёниш]-ро ба об (яънӣ рӯд) биандохтам ки обшон бибурд. Рӯзи 2-уми Аномакйа гузашта буд ки мо ӯ корзорро кардем.

пешина
аз 314
навбатӣ