Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Аҳриман бозгаштро гузар наёфт, нобудии девону азкорафтодагии хешро он гуна равшан бидид, ки Ҳурмазд фарҷоми пирӯзии хешу фаршкардсозии ҷовидонаи офаринишро (дида буд). Ин нахустин набардро минуи осмон бо Аҳриман кард.
Дигар набардро об кард. Аз он рӯй, ки ситораи Тиштр ба Харчанги обсиришт, ба хурдаи Азараг, (толеъ) шуд, (дар кадае, ки ) Ҷонон хонанд, дар ҳамон рӯз, ки Аҳриман дартохт, ба ҳангоми4 ғуруб ба сӯи Ховарон абр ба пайдоӣ омад. Чун моҳеро ахтаре хеш аст ва моҳи Тир чаҳорум моҳ аз солу Харчанг чаҳорум ахтар аз Барра аст, бинобар ин, (ба сабаби) хешӣ (бо) Харчанг аст, ки Тиштр дар ӯ ҷаст ва нишонаи боронсозӣ намудор шуд. Ӯ обро ба неруи бод фароз ба абр равон кард. Ҳамкороне ки бо Тиштр истоданд, Баҳман ва Ҳауми эзид ба роҳнамоии бурзэзид ба ҳамкорӣ, ардои фраваҳр ба паймонагарӣ (буданд). Тиштр ба се тан бигашт: мардтан, асбтану говтан. Сӣ шабонарӯз дар равшанӣ парвоз кард. Ба ҳар тане даҳ шабонарӯз борон овард. Чунонки ахтаршуморон низ гӯянд, ки ҳар ахтаре се тан дорад. Ҳар сиришки он борон ба андозаи ташти бузурги обе (буд) баркашидаву баргашта5. Ҳамаи заминро ба баландии марде об биистод. Он храфастрон, (ки бар) замин (буданд) ҳама бад-он борон кушта шуданд, ба ҷуз андаке пардор (ва онон), ки ба сӯрохҳои замин фурӯ шуданд. Пас, (бар асари) минуи бод, (ки) низ чун ҷон6 наёмехта буд, Боди дарвое7 чун ҷон, (ки) дар тан ҷунбад, фароз ҷунбида шуд8. Он (бод) ҳамаи он обро бимолонид, ба каронаи замин овард, дарёи Фарохкард аз ӯ (пайдо) шуд. Он храфастр (он)и мурда ба замин фурӯ монд (анд) ва заҳру ганд(шон) ба замин баромехт. Тиштр барои бурдани он заҳр аз замин, ба тани асби сапеду дароздунбе дар дарё фурӯ шуд. Апаоши дев ҳамонандии асби сиёҳи кӯтоҳдунбе ба муқобила битохт. Ӯ Тиштрро як фарсанг ба сутӯҳӣ биронид. Тиштр аз Ҳурмазд тавон хост. Ҳурмазд нерумандиро бар (ӯ) бибурд. Чунин гӯяд, ки дар замон, неруи даҳ асби нар, даҳ шутури нар, даҳ гови нар, даҳ кӯҳу даҳ рӯд бар Тишт омад. Ӯ Апаоши девро як фарсанг ба сутӯҳӣ битозонид. Барои ин аст, (ки) бад-он сабаб, Тирро бо Тиштр ҳамони нерӯ мехонанд.
Пас, чунин гӯянд, (ки Тиштр) бо хуми абар (ки) паймонаафзори он кор аст, абро барситонид ва чанд шигифтитар биборонид бо сиришк(ҳое) говсару мардсар9, шаст10 жарфову муштжарфо, бузургтару низ кӯчактари (эшон). Дар он боронсозӣ, (эзидон бо) испанҷаруш ва Апаош набард карданду оташи вазишӣ гурз фароз гардониду11 обро дар абрҳо гарм бикард. Испанҷаруш аз он гурз задан биғуррид, бонг бикард, ҳамон гуна (ки) акнун низ (дар) ҳамон набарди ба боронсозӣ тундару озарахш пайдо (шавад).

пешина
аз 314
навбатӣ