Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дорои шоҳ мегӯяд: онон ки то ман шоҳ буданд дар як умри дирозишон ин қадар чиз накардаанд ки ман ба бузургии Ахурамаздо дар як соли сарварии хеш кардаам.
Дорои шоҳ мегӯяд: ҳамакнун ки туро он чи маниш карда бовар мекунонад, пас ба хотири мардум пинҳон[-иш] мадор чи агар ин ёдоштро пинҳон намедорӣ, мардумро мегуӣ, Аҳурамаздо ба ту дӯст бод, парвазат зиёда бод, ту худ зинда [-ву ҷовид] хоҳӣ буд»!
Дорои шоҳ мегӯяд: агар ин ёддоштро пинҳон медорӣ (хоҳӣ дошт), ба мардумро намегуӣ, Аҳурамаздо кушторит бод, тухмат мабод!
Дорои шоҳ мегӯяд: ин ки кардам ҳамон сол (ҳамон соли нахуст) ба бузургии Аҳурамаздо кардам. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод ва дигар бағҳо (худоён) ки ҳастанд, ки на олак будам, на фиребгар (дурӯғгӯ) будам ва на зуркор (зургӯ, зулмкор) будам, на [худи] ман на [касе] аз парвазам, тибқи ростӣ рафтор бикардам, на нотавон на тавонгарро зур надодам, марде (касе) ки ба дарбори ман бо ман ҳамкорӣ кард - ӯро бартар доштам (арҷ гузоштам), [касе] ки зиён овард - ӯро ҳуфрашта (чунон ки мебояд) пурсидам (кайфар бидодам).
Дорои шоҳ мегӯяд: ту ка шоҳи ойинда хоҳӣ буд, марде (касе) ки фиребгар (дурӯғгӯ) хоҳад буд ва ҳам [касе] ки зуркор (зургӯ) хоҳад буд - онҳоро дӯст мабош ва ҳуфрашта (чунон ки мебояд) бипурсшон (кайфар бидеҳшон).
Дорои шоҳ мегӯяд: ту ка ойинда хоҳӣ буд, агар ин дипиро ки ман навиштаам, мебинӣ ва ин пайкараро, мабодо наканишон, то тавон [дар бадан дорӣ] барои ойиндаҳо нигоҳ бидор.
Дорои шоҳ мегӯяд: агар ин дипиро мебинӣ ва ин пайкараро, [ва] намеканишон ва то тавон дорӣ нигоҳшон медорӣ, Аҳурамаздо туро дуст бод ва парвазат зиёда бод ва дуру дароз зинда бош ва [чизе] ки бихоҳӣ кардан (ва) дар он Аҳурамаздо пирузгарат (айнан: чорасозат) кунод!
Дорои шоҳ мегӯяд: агар ин дипиш ва ин пайкараро мебинӣ, меканӣ-шон ва то тавон дорӣ, нигаҳдоришон намекунӣ, Аҳурамаздо кушторит бод, парвазит мабод ва ҳар чӣ мекунӣ Аҳурамаздо бигзор онро вайрон кунод Дорои шоҳ мегӯяд: ин мардон он ҷо буданд он замон ки ман Гауматаи магушро ки худро Бардиа гуфта, бикуштам. Он замон ин мардон або ман ҳамчун ёрони ман ҳамкорӣ карданд: Виндафарна ном [марде] пури Войаспора, порс; Отана ном [мард] пури Туҳра, порс; Гаубарува ном пури Мардуниа, порс; Видарна ном, пури Багабиғна, порс; Бағабухша ном пури Дотуваҳйа, порс; Ардуманиш ном пури Ваҳаука, порс.
Дорои шоҳ мегӯяд: ту ки (зи он ки) шоҳи ойинда хоҳӣ буд (ба) тухми (парвази) ин мардонро бартар бидор (арч бигзор).
Дорои шоҳ, мегӯяд: ба бузургии Аҳурамаздо ин дипиш (катиба)-ро ман ба тарзи дигар сохтам (айн: кардам). Гузашта аз ӯ ба забони орӣ буд ва дар пуст навишта шуда буд. Гузашта аз ӯ ҳамаи (сартосари) дипиш муҳр гузошта шуда буд (бо муҳр тасдиқ. гардонда шуда буд). [Дипиш] навишта шуда буд, ба манаш бар хонда буданд. Пасон ин дипиш фиристода шуд аз [чониби] ман ба ҳама диҳҳо (кишварҳо). Мардум ҳама ӯро хуб пазируфтанд.

пешина
аз 314
навбатӣ