Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
V
Дорои шоҳ мегӯяд: ин [аст он чиз] ки ман кардам пасон ба соли сеюм он замон ки ман шоҳ будам. Хузистон ном диҳ - у ошӯбгар буд. Марде Атамайта ба ном, хузистонӣ буд - уро миҳтар гардонданд. Пасон ман сипоҳ фиристодам ба Хузистон. Гаубарува ном марде – порс, бандаи хешро миҳтаршон кардам. Пасон Гаубарува хузистониёнро бизад (бикушт). марде ки миҳтари ишон буд, гирифтор (дастгир) шуд ва назди ман оварда шуд. Ва ман бикуштамиш. Пасон диҳ (кишвар) аз ман буд.
Дорои шоҳ мегӯяд: ӯ хузистониён олак (бад) буданд ва Ахурамаздоро ёд намекарданд. Аҳурамаздоро ман ёд мекунам. Ба бузургии Ахурамаздо ҳар чӣ ком (хоҳише) ки ба ростошон доштам, баровардам.
Дорои шоҳ мегӯяд: касе ки агар Аҳурамаздоро ёд мекунад (мепарастад) то [дар бадани ӯ] тавону неру ҳаст, ҳам ба зиндагиш ва ҳам пас аз сараш (айнан: мурданаш) шод (хушбахт) [аст].
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман або сипоҳ сӯи [кишвари] сакҳо бишудам суи (ё бар алайҳи) сакҳое ки худҳои сартез ба сар доранд. Пасон чун ман ба дарё наздик расидам, ман дарёро або сипоҳам бо гупсарҳо гузаштам. Пасон ман сакҳоро бикуштам бисёр; бархешон баста оварда шуданд назди ман ва куштамшон. Миҳтаршонро Скунха ном буд - ӯро гирифтор (дастгир) карданд ва назди ман оварданд. Дигарро миҳтар [-шон] кардам чи маро ком (хоҳиш) чинин буд. Пасон диҳ аз ман буд.
Дорои шоҳ мегӯяд: ӯ сакҳо олак (бад буданд) ва Аҳурамаздоро ёд намекарданд. Аҳурамаздоро ман ёд мекунам. Ба бузургии Аҳурамаздо ҳар чӣ хоҳиш (ком) ба ростои ишон доштам, ҳамонро кардам.
Дорои шоҳ мегӯяд: ҳар кас агар Аҳурамаздоро ёд мекунад то тавон [дар бадан]-иш ҳаст, ҳам ба зиндагӣ ва ҳам пас аз сараш (айнан: мурданаш) шод [аст].
КАТИБАИ ДОРО ДАР НАҚШИ РУСТАМ (DNA)1
Бағ (худой) бузург [аст] Аҳурамаздо ки ин [чизи] зеборо ки мебинӣ, бидод, [он худои бузург] ки одамиро [айнан: мард] бидод (офарид), [он худои бузург] ки шодиро баҳри одами бидод. [он худой бузург] ки Дороро шоҳ гардонд, - ягона шоҳ, и миёни дигар шоҳон, ягона фармонравои миёни фармонраво ён.
Ман [ам] Дорои шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи диҳҳои гуногунзабон, шоҳ андар ин буми бузург, паҳновар. пури Виштосп. ҳахоманишӣ, порс, пури порс, орӣ, оричиҳр (оризод).
Дорои шоҳ мегӯяд: ба бузургии Ахурамаздо ин [аст] он диҳҳо ки ман гирифтам (тасарруф кардам) берун (ба ҷуз) аз порс, ба саршон подшоҳӣ кардам, ба ман боҷ овардандӣ, ҳар чй-шон аз ҷониби ман гуфта шуд, он кардандӣ, доди маро пос (риоя) доштандӣ: Мод, Хузистон (Элам), Парфиа, Ариа, Бохтриш, Суғд, Хворазм, Зранка (Дрангиана), Арахозия, Саттагидиа, Гандора, Синд, [кишвари]сакҳои ҳаумаварга, [кишвари] сакҳои тиграхауда, Бобируш (Бобулистон), Атура (Ассириа). Арабиа, Миср, Арминиа, Каппадокиа, Спарда (Сардис), Йуниа (Иониа), [кишвари] сакҳои фародарё, Скудра, кишвари Йауниаҳои такабара, Путай (Лубнон), Кушиа (Эфиопиа), Мачиа, Карка.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор