Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан
  1. Хшайоршо, шоҳи бузург мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, Дориюшшоҳ, падарам, ин кохро сохт5».
  2. Аҳурамаздо маро бипояд, бо Худоён, ҳамчунин он чӣ ман сохтам, ва он чӣ падарам, Дориюшшоҳ сохт; Аҳурамаздо инҳоро бипояд, бо Худоён.
    IV
  3. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  4. «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
  5. Хшайоршо, шоҳи бузург мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, ман ин кохро сохтам».
  6. Аҳурамаздо маро бипояд, бо Худоён, ва низ шаҳриёрии маро ва он чиро ман кардам».
    V
    Хшайоршо, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
    VI
  7. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  8. «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
  9. Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Падарам Дориюш аст, падари Дориюш Виштоспа ном дошта, падари Виштоспа Аршома ном дошта; ва Виштоспа ва Аршома ҳар ду зинда буданд6 замоне, ки Аҳурамаздоро хост ин буд, ки Дориюш, падарамро шоҳи ин замин кунад; замоне, ки Дориюш шоҳ шуд, бисёре корҳои олӣ аст, ки ӯ кард.
  10. Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Дориюш писарони дигаре низ дошт, хости Аҳурамаздо буд, ки Дориюш, падарам, маро пас аз худ бузургтар аз ҳама кард; замоне, ки падарам, Дориюш тахтро раҳо кард7, ба хости Аҳурамаздо, ман бар тахти падарам шоҳ шудам; ҳангоме ки ман шоҳ шудам, бисёре корҳои олӣ ҳаст, ки ман кардам; он чӣ падарам карда буд, ман онро ҳифз кардам, ва ба онҳо коре дигар афзудам; ҳамчунин, он чӣ ман сохтам ва он чӣ падарам сохт, ҳамаи инҳоро ба хости Аҳурамаздо сохтем».
  11. Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо маро бипояд ва низ шаҳриёрии маро ва он чиро сохтам; ва он чиро падарам сохт, низ Аҳурамаздо бипояд».
    VII
  12. Хшайоршо, шоҳи бузург, мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, бисёре корҳои хуб аст, ки Дориюшшоҳ, падарам кард ва фармон дод, ҳамчунин ба лутфи Аҳурамаздо, ки ман ин корро афзудам ва онро зебо кардам.
  13. Аҳурамаздо, бо Худоён маро бипояд ва низ шаҳриёриро».
    VIII
  14. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
пешина
аз 314
навбатӣ