Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан- «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумоне бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ, порсӣ, писари порсӣ, ориёӣ, аз табори ориёӣ».
- Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо инҳо мардумоне ҳастанд, ки ман шоҳашон будам берун аз Порс; ман бар онҳо фармонравоӣ кардам, онҳо ба ман хироҷ медоданд, онҳо он чиро ман ба онҳо мегуфтам, мекарданд, қонуни ман онҳоро нигоҳ дод: модӣ, эломӣ, арахузӣ (рухаҷӣ), арманӣ, дарангӣ (зарангӣ), портӣ, ориёнӣ (ҳиравӣ), бохтарӣ (балхӣ), суғдӣ, хоразмӣ, бобулӣ, ошурӣ, стагедӣ, лидияӣ, мисрӣ, юнониёне, ки дар канори дарё ҳастанд ва онҳое, ки он сӯи дарё ҳастанд, макиён, араб, гандораӣ, ҳиндӣ, кападокияӣ, сакоиёни амирагӣ, сакоиёни тезхуд, тарокиёиён, акауфакиён8, либияиҳо, кориҳо, ҳабашӣ».
- Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Ҳангоме ки ман шоҳ шудам, дар миёни мардумоне, ки дар боло исмашон навишта шуд, яке аз онҳо9 шӯриш карда буд, он гоҳ Аҳурамаздо маро ёрӣ кард; ба хости Аҳурамаздо ман ин мардумро шикаст додам ва онҳоро сари ҷои худ нишондам.
- Ва дар миёни ин мардумон, яке аз онҳо буд, ки пеш аз ин девонро ситоиш мекарданд он гоҳ, ба хости Аҳурамаздо, девкадаро10 хароб кардам ва мамнӯъ кардам: «ки девон ситоиш нашаванд!» дар он ҷо, пеш аз ин, девон ситоиш мешуданд, ман Аҳурамаздоро ситоиш кардам, дар замони муқаррар ва бинобар оин11».
- Ва ҳамчунин кори дигаре буд, ки бад анҷом шуда буд; ман ин корро хуб анҷом додам12; ҳамаи он чи анҷом додам, ман онро ба хости Аҳурамаздо кардам; Аҳурамаздо маро ёрӣ кард, то он ки ман онро ба поён бирасонам.
- Туе, ки аз ин пас хоҳӣ буд, агар бияндешӣ: «Ман мехоҳам шод бошам дар давраи зиндагиям ва мехоҳам пас аз маргам артоун (омурзида) бошам», ин қонунро, ки Аҳурамаздо вазъ кард, пос бидор13; марде, ки ин қонунро, ки Аҳурамаздо вазъ кард, пос бидорад; ва Аҳурамаздоро ситоиш мекунад, дар замони муқаррар ва бино бар оин, ӯ хушбахт аст, дар замони зиндагӣ ва пас аз маргаш гиромӣ мешавад».
- Хшайоршошоҳ, мегӯяд: «Аҳурамаздо маро дар баробари бадиҳо ва ҳамчунин хонаам ва ин мардумро; ин он чизе аст, ки ман аз Аҳурамаздо мехоҳам; Аҳурамаздо онро ба ман диҳод».
IX - «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
- Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Ман ин тачраро сохтам».
XI - Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин зеборо офарид, ки дида мешавад, ки шодиро барои мардум офарид, ки хирад ва далериро дар Хшайоршо гузошт.
- Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, ман ин ҳастам, бад-ин сон, ки дӯсти ростӣ ҳастам, бо нодурустӣ дӯст нестам, хости ман он нест, ки нотавон; ба хотири тавоно ба бедод тан диҳад; хости ман он нест, ки тавоно ба хотири нотавон ба бедод тан диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор