Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ин нахустин набардро Гиёҳ бо Аҳриман кард. Панҷум набардро Гови яктоофарида кард. Чун даргузашт, ба сабаби сиришти гиёҳӣ, аз андомҳои Гов панҷоҳу панҷ навъ ғаллаву дувоздаҳ навъ гиёҳи дармонӣ аз замин руст. Равшаниву зӯрӣ18, ки дар тухмаи Гов буд, ба Моҳ супурда шуд, он тухма ба равшании Моҳ полуда шуд, ба ҳама гунае ороста шуд, ҷон дар (ӯ) карда шуд; ва аз он ҷо ҷуфте гов, яке нар ва яке мода (бар замин оварда шуд). Сипас, бар замин, аз ҳар навъе дуто, яъне дувисту ҳаштоду ду навъ фароз пайдо шуданд, ба андозаи ду фарсанг, ки дар «Дин» ҳаждаҳ ҳоср гӯяд.
Гӯспандонро ҷой бар замин ва мурғонро дар ҳаво (шуд) ва моҳиён дар об шино карданд, ки бештари парвариши офаридагонро аз эшон буд.
Ин нахустин набардро Гов бо Аҳриман кард. Шашум набардро Каюмарс кард. Аз он ҷо, ки бар сипеҳри19 Каюмарс пайдо буд, дар тозиши Аҳриман, бар асари набарди ахтарону абохтарон сӣ сол зист.
Зурван пеш аз (омадани) Аҳриман чунин гуфт, ки: «Каюмарс таковурро ба сӣ зимистон зиндагиву шоҳӣ муқаддар шуд».20 Ба ҳангоми омадани Аҳриман, ситораи Ҳурмазд ба Харчанги обсиришт, ки Ҷонон аст, ҷаст21, ба авҷи хеш. Ба сабаби тафаввуқ бар рақибаш барои Каюмарс зиндагиву ҷон муқаддар кард. Ситораи Кайвон ба Тарозу, ба ҷои чаҳорум22 он ҷо, ки мехи зери замин аст, ба авҷи хеш ҷаст, ки сабаби тафаввуқаш бар рақиб, марг муқаддар кард. Ба сабаби будани Ҳурмазд ба авҷи хеш, ба мехи Ҷонон ва тафаввуқ бар Кайвон, он марг аз Каюмарс то сӣ сол биспухта шуд. Ҳангоме ки дигар бор Кайвон ба Тарозу бозомад, ки ӯро авҷи худ (буд), бад-он ҳангом, Ҳурмазд ба Буз ҷаст, ки ӯро нишеби худ (буд). Ба сабаби тафаввуқ Кайвон бар Ҳурмазд, Каюмарсро марг бар омад, бар дасти чап афтод. Ба ҳангоми даргузаштан тухма(аш) ба замин рафт. Ҳамон гуна, (ки) акнун низ ба ҳангоми даргузашт, ҳамаи мардум тухм бирезанд.
Аз он ҷо, ки тани Каюмарс аз филиз сохта шуда буд, аз тани Каюмарс ҳафт гуна филиз ба пайдоӣ омад23. (Аз) он тухм, ки дар замин рафт, ба чиҳил сол Машӣ ва Машёна баррустанд, ки аз эшон равнақи ҷаҳону набудани девону азкорафтодагии Аҳриман буд.
Ин нахустин корзорро Каюмарс бо Аҳриман кард. Ҳафтум набардро оташ кард, он (ки) ба муқобилаи Испанҷаруш биистод. Оташи вазишт низ ба боронсозӣ ва Озарфарнбағу Гушнасбу Бурзинмеҳр ба посдории ҷаҳону поидани офаридагон ва дигар оташҳо, ки дар гиёҳу мардумону гӯсфандонанд, ба ҳифзи ҷону рӯёнидан (биистоданд), назми ҷаҳону офаридагон аз ӯ бувад.
Ин нахустин набардро низ Оташ бо Аҳриман кард. Ҳаштум набардро ахтарон карданд ба муқобилаи абохтарони Дуруҷ. Ҳар кас бо рақиби хеш ба набард истоду муқобилаи якдигарро тартиб доданд то Фарашкард, чунонки (дар) зиҷи ҷаҳон навиштам.

пешина
аз 314
навбатӣ