Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Аҳурамаздо маро бипояд, маро бо Худоён, низ шаҳриёрии маро ва он чиро кардам».
    САНГНАВИШТАҲОИ ВОН
  2. Аҳурамаздо Худои бузург аст, бузургтарини Худоён, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  3. Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ.
  4. Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Дориюшшоҳ, падарам, ба хости Аҳурамаздо, корҳои хуб бисёр кард ва фармон дод ин мавзеъро бикананд; аз он ҷо, ки фармон надод, катиба бинависанд; он гоҳ, ман дастур додам, ки ин катибаро бинависанд.
  5. Аҳурамаздо маро бипояд, маро бо Худоён, низ шаҳриёрии маро ва он чиро кардам».
    КАТИБАҲОИ АРДАШЕРИ АВВАЛ
    ДАР ТАХТИ ҶАМШЕД1
    I
  6. {...} яке дар миёни подшоҳон бисёр. 2. «Ман Ардашер ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи сарзаминҳое бо забонҳои бисёр, шоҳи ин сарзамини бузург, дурдаст, писари Хшайоршо, писари Дориюш, ҳахоманишӣ».
  7. Ардашер, шоҳи бузург мегӯяд: «Бо ёрии Аҳурамаздо, ин кохро, ки Хшайоршошоҳ, падарам, сохт2, ман онро ба поён расондам».
  8. Аҳурамаздо маро бипояд бо Худоён ва низ шаҳриёриям ва он чӣ кардам».
    II
    Ардашершоҳ мегӯяд: «Ин кохро Хшайоршошоҳ, падарам, пояҳои онро гузошта буд; бо ёрии Аҳурамаздо, ман Ардашершоҳ онро сохтам ва ба поён расондам».
    Катибаҳои кӯчак
  9. Ардашер, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Хшайоршошоҳ, Хшайоршошоҳ писари Дориюш, ки ин ҷоми1 нуқраро дар кох2 сохт.
  10. Ардашер, шоҳи бузург. 3. Ардашер шоҳ.
    КАТИБАҲОИ ДОРИЮШИ ДУВУМ1
    Катибаи Ҳамадон
  11. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  12. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон бо таборҳои бисёр, шоҳи ин замини бузург то дурдаст, писари Ардашершоҳ, Ардашер писари Хшайоршошоҳ, Хшайоршошоҳ писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
  13. Дориюшшоҳ мегӯяд: Аҳурамаздо ин мардумро ба ман дод; ба хости Аҳурамаздо ман рӯи ин замин шоҳ ҳастам; Аҳурамаздо маро бипояд ва низ хонаамро ва шаҳриёриро, ки ба ман дод».
    Катибаҳои Шуш
    I
    Ин Ападона1 бо сутунҳои чӯбӣ, Дориюш, шоҳи бузург онро сохт; Аҳурамаздо бо Худоён Дориюшшоҳро бипояд.
    II
  14. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Ардашершоҳ, ҳахоманишӣ».
  15. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ардашер падарам, ибтидо ин кохро сохт; сипас ман онро ба хости Аҳурамаздо сохтам».
    КАТИБАҲОИ АРДАШЕРИ ДУВУМ1
    Катибаи Ҳамадон
пешина
аз 314
навбатӣ