Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

I

  1. Ардашер, шоҳи бузург, шоҳи шоҳои, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Ардашершоҳ, Ардашер писари Хшайоршошоҳ, Хшайоршошоҳ писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Виштоспа ҳахоманишӣ эълом мекунад:
  2. «Ба хости Аҳурамаздо, Аноҳито ва Митра, ман ин Ападонаро сохтам; Аҳурамаздо, Аноҳито ва Митра1 маро аз тамоми бадиҳо бипоянд; ва он чиро ман кардам, на аз миён бибаранд ва на осебе бад-он расонанд».
    II
    Ападона бо сутунҳо аз санг, Ардашер, шоҳи бузург, онро сохт, ӯ, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ;
    «Митра маро бипояд».
    III
  3. Аҳурамаздо Худои бузург аст, бузургтарини Худоён, ӯ, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, шодиро барои мардум офарид, Ардашерро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  4. Ардашер шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, мегӯяд: «Ман писари Дориюшшоҳ ҳастам, Дориюш писари Ардашершоҳ, Ардашер писари Хшайоршошоҳ, Хшайоршошоҳ писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Виштоспа ном, ҳахоманишӣ».
  5. Ардашершоҳ мегӯяд: «Ман шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст ҳастам, Аҳурамаздо шаҳриёриро ба ман дод, Аҳурамаздо маро бипояд ва низ шаҳриёриро, ки ба ман бахшид ва хонаамро».
    Катибаи тахти Ҷамшед
  6. Ин як порсӣ аст. 2. Ин як модӣ аст. 3. Ин як эломӣ аст. 4. Ин як портӣ аст.
  7. Ин як ориёнӣ (ҳиравӣ) аст. 6. Ин як бохтарӣ (балхӣ) аст. 7. Ин як суғдӣ аст. 8. Ин як хоразмӣ аст. 9. Ин як дарангӣ (зарангӣ) аст. 10. Ин як арахузӣ (рухаҷӣ)аст. 11. Ин як стагедӣ аст. 12. Ин як гандораӣ аст. 13. Ин як ҳиндӣ аст. 14. Ин як сакоӣ аст. 15. Ин як сакоии тезхуд аст. 16. Ин як бобулӣ аст. 17. Ин як ошурӣ аст. 18. Ин як араб аст. 19. Ин як мисрӣ аст. 20. Ин як арманӣ аст. 21. Ин як кападокияӣ аст. 22. Ин як Лидияӣ аст. 23. Ин як юнонӣ аст. 24. Ин як сакоии он сӯи дарё аст. 25. Ин як тарокиёӣ аст. 26. Ин як юнонии оспедуфурӣ аст. 27. Ин як атюпиёӣ (ҳабашӣ) аст. 28. Ин як либиёӣ аст. 29. Ин як макӣ аст. 30. Ин як корӣ аст. Катибаҳои Шуш I
  8. Ардашер, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Ардашершоҳ, Ардашер писари Хшайоршошоҳ, Хшайоршошоҳ писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Виштоспа, ҳахоманишӣ, мегӯяд:
  9. Дориюш, ҷадди ман1 ин Ападонаро сохт; сипас дар замони падарбузургам Ардашер Ападона сӯхт; ҳол, ба хости Аҳурамаздо, Аноҳито ва Митра, ман фармон ба бозсозии Ападона додам.
  10. Аҳурамаздо, Аноҳито ва Митра маро дар баробари тамоми бадиҳо бипоянд ва низ он чиро кардам; ки онҳо на {...} на ҷодугарӣ (?), на {...}-ҳо».
    II
  11. {...} писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Виштоспа, ҳахоманишӣ.
пешина
аз 314
навбатӣ