Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Н. к. ёддошти 2, Сароғоз. 3. Ҳар се: bug, bwk. Дар с. 147 ТД2 низ bwk омадааст, вале ТД1: bwp. Храфастр будани буф дар адабиёти паҳлавӣ шигифтовар аст.
  2. Jeh ӯ Jahī, рӯсапӣ. 5. Zēnāwandīh мусаллаҳ будан, аз zēn ба маънои силоҳ. 6. Abāšišnīh druz ō paywand rawišnīh 7. Ҳампаймонагӣ ба маънои табиат аст. 8. Ҳаракату таваққуф.
    БАХШИ 7
  3. Ҷумлаи ахир чунин тасҳеҳу қироат шавад: Az>jānānbawēd, Karrang,19 sušīhā ī xwardag azarag, sazist: andar tištar stārag: az abāxtarān ohrmazd andar bud.
    Матолиби якчанд ҷумлаи оғозини ин бахш мухтасаран ин аст: Дар нахустин рӯзи моҳи фарвардин, ба ҳангоми зӯҳр, Аҳриман ба даруни осмон ҳамла кард. Дар ин ҳангом, ки 19 дараҷа гузашта аз бурҷи Саратон буд, ситораи Тиштр (осмони нимкураи шимолӣ) толеъ шуд ва аз сайёраи Муштарӣ дар бурҷи Саратон қарор гирифт.
    Аммо масъала ин ҷост, ки ситораи Тиштр зоҳиран дар аввали тобистон вориди осмони нимкураи шимолӣ мешавад ва ин амр наметавонад дар оғози баҳор иттифоқ афтад, ба вижа ин ки тулӯи он дар осмони шимоли Эрону Осиёи Миёна ба авохири тобистон ва авоили пойиз меафтад. 19 дараҷа гузашта аз бурҷи Саратон низ муайяди ин матлаб аст.
    Дар ин ҷо мумкин аст ду амри нуҷумӣ, ки яке марбут ба оғози баҳору дигаре марбут ба оғози тобистон будааст, ба ҳам даромехта бошад. Барои тавзеҳи ин амр бояд донист, ки вуҷуди моҳи тир (=Тиштр) дар оғози тобистон марбут ба воме нуҷумӣ-тақвимӣ мегардад, ки дар давраи Ҳахоманишиён, пас аз тасарруфи Миср, аз Миср гирифта шуд ва бар асари он, соли 360-рӯзаву панҷаи дуздида номгузории рӯзҳои сигонаи ҳар моҳ бо номи эзидону муҳтамилан, карор гирифтани оғози сол дар аввали тобистон ҳама аз он сарзамин ба вом гирифта шуд. Сипас, дар пайи расмият ёфтани тақвими зартуштӣ дар давраи Ардашери Дароздаст ва қарор гирифтани сол дар оғози баҳор, ки марсуми Байнаннаҳрайн буд, оинҳои оғози соли тақвими қаблӣ, ки дар оғози тобистон анҷом меёфту муътақидоти вобаста ба он ба аввали баҳор мунтақил шуд.
    Дар «Гузидаҳои Зодспарам» чунин омадааст: «Чун дигар бар об омад, ҳамон рӯзе, ки дартохт, (Тиштр ба) Харчанги обӣ (андар шуд), ки об тухма аст. Тиштр ҳама дурахшон (дар хурдае, ки) Азранг хонда мешавад, абрро фароз дод. Ба рӯз фуруд шудан (=ғуруб) пайдо чунон (буд, ки ба баромадан (тулӯъ), ки офаридагонро ривоҷ ёфтан (ба) Харчанг ахтар бошад, ки ахтари чаҳорум аст ва худои об, Тиштр, фариштаи сомонбахш, худои моҳи чаҳорум аст. Бад-ин рӯй аст, ки Тирмоҳ, моҳи чаҳоруми сол аст». (VZ, p. 19, 5-12).
    Мақсуд ин аст, ки Тиштр дар бурҷи Саратон (яъне дар моҳи чаҳорум, дар манзил-ул-тараф (=Азраг) дар уфуқ тулӯъ кард ва ба сабаби обтухмагӣ, абрро фароз оварду дар ҳангоми тулӯъву ғуруби Хуршед, ҳамчунон дар осмон пайдо буд. Пас моҳи чаҳорум моҳи ҷорӣ шудани обхосту Тиштр, фариштаи обовар, худои ин моҳ аст ва ба хубӣ дида мешавад, ки ин иттилоъ ва бовари нуҷумӣ мутааллиқ ба Миср аст, ки ба вом, ба ҳамон сурати нахустини мисрии худ, ба Эрон расидааст ва дар асл марбут ба тулӯи Тиштр дар осмони Мисру ҳамзамонии он бо селобҳои Нил аст, ки дар 19 ва 20 жувийа ҳар сол марбут мешавад ва рабте ба оғози баҳор надорад ва дарвоқеъ дар «Бундаҳиш» ин иттилои нуҷумӣ бо иттилои нуҷумии дигар, ки ба расади сайёрот дар замони фарзии ҳамлаи Аҳриман марбут мешудааст, даромехта. Бинобар ин расад, дар оғози баҳор хуршед дар бурҷи Ҳамал (Барра) буд, Муштарӣ дар Байтуннафс қарор доштааст.
пешина
аз 314
навбатӣ